ТОҶИКОН – ҚАДИМТАРИН МИЛЛАТИ ОСИЁ

Соле қабл дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардидани 5500-солагии Саразми бостонӣ ва суханронии котиби генералии ду созмони бонуфузи байналмилалӣ – ЮНЕСКО ва ИСЕСКО дар чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки дар сарзамини Мовароуннаҳр тоҷикон яке аз қадимтарин миллат ба ҳисоб мераванд. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш зикр намуданд: «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд». Сарнавишт тарзе шакл гирифтааст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо зери ҳуҷумҳои аҷнабиён қарор гирифта, ҳамеша барои ҳифзи сарзамин ва фарҳангу забон ҳазорҳо нафар дар ин роҳ қурбон гардиданд. Мутаассифона, дар натиҷаи тақсимоти ноодилонаи садаи 20-ум ба мардуми тоҷик фақат ҳудудҳои имрӯзаи кишвар насиб гардид.

Тоҷикон ҳеҷ гоҳ дар гузаштаи таърихӣ ба заминҳои бегонагон чашм ало накарданд ва бо ҳамсоягон аз рӯи фарҳанги баланди хеш муносибат намуда, ҳатто заминҳои худро барои истифодаи дигарон додаанд, ки дар чунин хислати мардуми мо шакке нест. Аммо, ҳоло бошад баъзе ҳамсоягон ба қавли матали мардум «дастатро диҳӣ аз оринҷат мекашанд» ба заминҳои таърихии тоҷикон даъво намуда, аз ин кор шарм надоранд. Чанде пеш сару садоҳои зиёд оид ба иваз кардани Ворух бо заминҳои ноҳияҳои Боткент аз ҷониби роҳбари КДАМ ҶҚ паҳн гардид, ки ин навбат ҳам душманони давлат аз ин боз як ҳангомаи дигар сохтанианд. Онҳо чунин гумон доранд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҷавоб нагуфтан нисбати изҳороти ҶҚ маънои заъфи қудрати сиёсӣ бошад.

Мо хуб медонем, ки имрӯз воқеан васоити ахбори омма, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳангома сохтан ва паҳн кардани хабарҳо ва дар таъсир расонидан ба афкори мардум нақши назаррас дорад, ки баъзе душманони давлату миллат ба мисли намояндагони ТТЭ ҲНИ аз ин восита бисёр ҳам самаранок истифода менамоянд, то дар байни мардум фитна андохта, суботу амнияти кишварро халалдор созанд.

Барои ҳар фарди ватандӯст ҳар ваҷаби хоки ватан муқаддас аст. Кадом мақомдори кишвари ҳамсоя ҳам набошад ҳам ҳақ надорад, ки сарамзини таърихиро нодида гирифта, барои ба он соҳиб шудан даъво намояд. Бе ин ҳам дар гузашта заминҳои аҷдодии мо дар ҳудуди кишварҳои дигар боқӣ монд ва ҳоло бошад дар болои ин ҳама ба як гӯшаи дигари ватанамон иддао доранд. Лекин таърих борҳо собит намудааст, ки мардони далеру шуҷоъ ба мисли Спитамену Темурмалик аз сарзамини хеш дифоъ намуда, дар ин роҳ молу ҷони хешро дареғ надоштаанд. Имрӯз низ замони он расидааст, ки ба ҳаргуна гапҳои душманон дода нашуда, сарзамини худро ба ҳаргуна қиммат ҳимоя намоем. Ба қавли Роҳбари давлат дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ ҳушёру зирак бошем ва ватани худро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, дар ободиву пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузорем. Зеро ба ҷуз худи мардуми кишвар ягон бегонагон ин ватанро обод нахоҳанд кард ва бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ ҳар як шаҳрванд, хоса мо ҷавонон дар тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳмгузор бошем.

 

Шӯҳрат С. – н.и.с., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like