Хоинии навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин

Дар асри 21, ки асри иттилоот низ меноманд тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифта шудааст, ки ин маълумотҳо аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

Аъзоён ҳизби террористии наҳзати ислом, аз он ҷумла Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хоириҷӣ паноҳ гирифтаанд мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, мардуми Тоҷикистонро ба гумроҳӣ бурда, ватанро ба доми ҷанг кашанд.

Имрӯзҳо низ Муҳаммадиқболӣ Садриддин дар шабакаи иҷтимоии ютуб баромад намуда, боз аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён менамояд. Ин рафтор ва гуфтори ӯ гувоҳӣ аз он мебошад, ки дар ҳақиқат фурӯхтаи хоҷагони худ гашта, хостгори дар Тоҷикистон оғоз намудани ҷангро дорад.

Зеро дар ҳар як ҷумлаи худ ин хоинони миллат иброз медоранд, ки бояд инқилоб кард, ба митинг баромад, зидди давлат баромадан лозим, мардум бархезед… ва ғайра. Ин гувоҳи он аст, ки ин хоинони миллат мехоҳанд танҳо дар Тоҷикистон бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намоянд. Барои оғози бетартибиҳо ва ҷанг онҳо як асосҳо ва сабабҳоро меоранд, ки барои чунин асос ва сабаб бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намудан ин як ахмақгарӣ асту халос. Онҳо иброз медоранд, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии виҷдон вуҷуд надошта бошад ва Тоҷикистонро бояд давлати исломӣ кард. Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон озодии виҷдон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” кафолат дода шуда, тамоми шаҳрвандон мувофиқи таълимоти дини худ озодона маросими тоату ибодати худро адо намуда истодаанд, ки тамоми сокинон гувоҳӣ он мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки вақте, ки мо ба суратҳои шаҳрҳои давлати Сурия ва Ироқ то ва баъди ҷанг назар афканем, гиряи одам меояд, ки чи гуна давлат буду, нохалафон, ифротгароён ва умуман террористон ба чи гуна давлат табдил доданд. Магар ин давлатҳо исломӣ набуданд?, магар дар ин давлатҳо барои тоату ибодати мусалмонон ягон монеа буд?.

Ин ҳодисаҳо гувоҳи он аст, ки барои террористон аз он ҷумла ба Кабирӣ, М. Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо танҳо майдони ҷанг лозим аст, ки хоҷагони онҳо бе мамоният ба корҳои ғайриқонунии худ аз он ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир озодона машғул гарданд. Онҳо дигар ягон мақсад надоранд.

Онҳо як гурӯҳ ҷинояткоронро дастак намуда, ба воситаи он мардумро бар зидди давлат равона намудан мехостанд.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо, ки тамоми дунёро аз як тараф бемориҳои гуногун ва аз тарафи дигар ҷангҳои иттилоотӣ фаро гирифтааст бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми истифода бурдан бояд ҳушёр бошем, ба суханҳои ин гуна хоинон бовар накунем.

Дар Ватани азизамон, ки имрӯзҳо новобаста аз буҳрони ҷаҳонӣ вазъият тинҷу ором ва сериву пуррӣ мебошад бояд инро нигоҳ дорем. Барои амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон аз тамоми имконияҳо истифода барем ва чун ҳарвақта дар паҳлуи Сарвари давлатамон муттаҳид гашта, танҳо дар фикри ободии Ватан, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар он бошем.

 

Сайфиддинов А. – мутахассиси шуъбаи кор бо тарбияи ДДҲБСТ

You might also like