ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

Чихеле, ки медонем, яке аз навъҳои идеологияи сиёсиро экстримизми сиёсӣ ташкил менамояд.

«Экстремизм» – ин ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.

Дар сиёсат экстримизми сиёсӣ, маҷмуи ғояҳо, андешаҳо ва амалу фаъолияти радикалӣ, ки асосан бо роҳҳои зуроварӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Экстримизм, ҳаракати фаъол ва мақсаднок буда, хусусияти таҷовузкорона дорад.

Экстремизми динӣ минтақа, давлатҳои гуногунро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хусусияти асосии онро ташкил медиҳад. Дар бисёр ҳолатҳо экстремизми динӣ хусусияти сиёсӣ пайдо намуда, барои ба даст овардани ҳокимият мубориза мебарад. Метавон мисоли равшани инро дар задухурдҳои мусаллаҳонаи динӣ ва мазҳабии давлатҳои Аморати Араб, алалхусус, Шому Фаластин, Сурияву Яман мушоҳида кард. Яке аз шаклҳои иртиҷоии эътирози сиёсии ғайрилегалиро терроризм ташкил медиҳад. Терроризм дорои хусусиятҳои дохилидавлатӣ буда, дар сиёсати ҷаҳонӣ чуқур реша рондааст. Натанҳо доираи кирдорҳои террористӣ васеъ мегарданд, балки роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав мешаванд. Беш аз пеш қурбони сиёсати доираҳои террористӣ занҳо, кудакон, пиронсолон, ҷавонон ва одамони тамоман бегуноҳ мегарданд.

Ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ҷиноятҳо дар моддаҳои 307, Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида, инчунин ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237.1, 242, 243 пешбинигардида, агар  онҳо аз ҳиссиёти бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ нисбати кадом  як гурўҳи иҷтимоӣ содир гардида бошанд, дохил мешаванд, ки дар маҷмуъ 15 таркиби ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд.

Ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокиро доро мебошанд, чун пеш аз ҳама ба амнияти давлату ҷамъият, асосҳои сохти конститутсионӣ ва сулҳу амнияти инсоният таҷовуз меоранд.

Бояд дар назар дошт, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» ғайриқонунӣ амалкунанда ва аз 11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-таҳрир» ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, вебсайти интернетии «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ғайр аз ин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ва соли 2015 фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ ва экстримистии зерин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

– Ташкилоти «Ал-Қоида»;

– Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ;

– Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон);

– Ҳаракати Толибон;

– Ташкилоти Бародарон Мусулмонон;

– Ташкилоти Лашкар Тайба;

– Гуруҳи Исломӣ (Ҷамоати Исломии Покистон);

– Ҷамъияти Таблиғот;

– Ташкилоти динии миссионерии Созмони Таблиғот;

-Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон

– Тоҷикистони  Озод ва ғайра.

Вале яке аз шаклҳои нави хусусияти эстремистдошта ин даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (моддаи 3071 КҶ ҶТ) мебошад, ки дар байни мардум реша рондааст. Таҳти мафҳуми даъват таъсир расонидан ба шуур ва иродаи одамон бо мақсади  майл намудани онҳо ба амалигардонии фаъолияти экстремистӣ фаҳмида мешавад.

Ҳарчанде, ки  аз ҷониби воҳидҳои қудратӣ чораҳои профилактикӣ ба роҳ монда шуда истода бошанд ҳам баҳри боз ҳам баланд бардоштани самти огоҳонидан ва бартараф намудани ҷиноятҳои содиршуда истода ва содиршаванда ин чораҳо пурзур карда шаванд. Аз расонаҳои ахбори умум тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ, дар муассисаву ташкилот ва корхонаҳо фаҳмонидани оқибатҳои ин амалҳои нангин вобаста намудани ҳар фарди ҷомеаро баҳри пешгирӣ намудани ин самти ҷиноят басо муҳим мебошад.

 

Кабирзода Г.Қ.-муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like