БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД БИРАСИД
Чуноне, ки дaр Пaёми нaвбaтии худ сaрвaри мaмлaкaт Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон иброз доштaнд «барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд».
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – ум ба мамлакат хисороти зиёди ҷонӣ ва моддиву маънавӣ ба миён овард. Маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии мардуми кишвар ва чораҳои андешидаи Ҳукумати тозаинтихоби мамлакат халқи тоҷик тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои мақсадҳои аввалиндараҷа қарордошта ноил гардад.
Расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ва бо ҳамин васила аз хатари нобудӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик яке аз дастоварди бузургтарини таърихии даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.
Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муназзам роҳи интихобнамудаи худро баҳри рушди минбаъда ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, аз ҷумла коҳиши қотеи камбизоатии шадид; ноилшавӣ ба таҳсилоти ҳамагонии ибтидоӣ; ҳавасмандгардонии баробарии марду зан, тавсиаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занон; коҳиши фавти кўдакон; беҳсозии ҳифзи саломатии модарон; мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД, сил, вараҷа ва дигар бемориҳои асосӣ; таъмини суботи экологӣ; ташкил намудани ҳамкории ҷаҳонӣ бо мақсади рушд идома дода истодааст.
Ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур кори дастаҷамъӣ буда, аз тамоми мардуми кишвар заҳмати софдилонаро тақозо менамояд. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои хело мубрами амниятӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои давлатҳои ҳамсоя боз шиддат гирифта истодаанд.
Воқеаҳои рўзҳои аввали соли 2022, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба миён омад, бори дигар собит месозад, ки сулҳу субот яке аз омилҳои муҳимтарини рушду нумўи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар партави сиёсати пешгирифтаи сулҳпарварона, президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз ўҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард. Албатта, аз сулҳу субот дар ҷаҳон, минтақа ва давлатҳои ҳамсоя инчунин сулҳу субот ва амнияти кишвари мо низ вобастагӣ дорад.
Аз ин рўй, дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир ҳар яки мо бояд бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунем, онро боз ҳам обод намоем ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Саидҷонов С.Ш. – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ