Зиракии сиёсиро набояд аз даст дод
Вазъияти кунунии ҷаҳони муосир то рафт мураккаб ва пуртазод шуда истодааст. Бархе аз сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки дар ҷаҳони имрӯза аз сари нав тақсимоти геополитикӣ шуру шудаистодааст. Чуноне ки аз таърих медонем ҳар вақте ки тақсимоти нави геополитикӣ оғоз меёбад, дар ҷаҳон ҷангу низоҳҳо меафзояд. Давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки минтақоҳои зери таъсири геополитикии рақиби худро зери таъсири худ дароранд. Дар давраҳои аввал онҳо ҷанги рӯ ба рӯ накарда балки қувваи худро тавассути иштирок дар ҷангу низоҳҳои берун аз кишвари худ месанҷанд. Дар бисёр ҳолатҳо чунин ҷангу низоҳҳо бо дахолати бевоситаи онҳо сар мезанад. Ва ҳой бар ҳоли он давлатҳое, ки дар гирдоби бархурди манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон меафтад.
Дар чунин вазъият давлатҳои миллӣ набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳанд. Онҳо бояд кӯшиш намояд, ки бозичаи дасти давлатҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ҳамин лиҳоз, онҳо бояд доимо ваҳдати миллӣ ва якдилии худро нишон дода онро нигоҳ доранд. Ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки касе ва ё чизе боиси ба гурӯҳҳо ҷудо намудани шаҳрвандони давлати онҳо гардад.
Имрӯзҳо чунин касоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ мебошанд, ки танҳо манфиати шахсии худ ва хоҷагони худро амалӣ менамоянд. Барои онҳо манфиатҳои миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум оташи кинаю нафрат нисбати ҳамдигар мекоранд. Ва бо ин амали худ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати худ мегарданд. Барои мисол овардан, мо ба умқи таърих надаромада ҳодисаҳои солҳои охиро, ки дар Афғонистон, Ироқ, Сирия, Ливия, Яман, Украина шуда истодааст мисол оварда метавонем. Дар Сирия ҷониби апазисия ҳукуматро ба таври қонунӣ гирифта натавониста барои ғасби ғайриқонунии он даст зад. Дар натиҷа мо мебинем, ки як давлати афсонавӣ ба як харобазор табдил ёфт. Дар Афғонистон низ ҷонибҳои мухолиф ҳеҷ ба як созиш намеоянд ва ин боиси давом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар гардидааст ва айнан бо ҳамин роҳи ғасб ҳокимиятро гирифтанд.
Ҳодисаҳои дар ин давлатҳо рухдодаистода айнан ҳодисаҳои солҳои 1992- юми кишвари моро ба хотир меорад. Дар он солҳо дар кишвари мо низ ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо пайдо шуданд, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда барои амали намудани манфиатҳои худ ва хоҷагони берунаи худ истифода мебурдан. Яке аз чунин ҳизбҳо ин собиқ ҲНИ буд, ки на бо роҳи қонунӣ балки бо роҳи ғайриқонунӣ ҳукуматро мехост ғасб намояд. Лекин ин кор ба онҳо муяссар нагардид. Дар натиҷа дар кишвари мо ҷанги бародаркӯш оғоз гардид, ки мардуми зиёди бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлати мо дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Дар чунин вазъияти ногувор роҳбарии давлатро ба зиммаи шахси қавииродаю ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Ин шахси меҳанпараст тавонист, ки ватанро аз вартаи ҷанги бародаркӯш ва нестшавӣ бароварда эмин нигоҳ дорад. Дар як муддати кутоҳ онро аз як кишвари ҷангзадаи ақибмонда ба як кишвари рӯ ба тараққи табдил диҳад.
Ҳамаи ин дастовардҳои кишвари мо барои он шахсоне, ки нисбати давлату миллати мо ниятҳои нопок доранд хуш намеояд. Онҳо барои сиёҳ кардани Ҳукумати имрӯза дигар намедонад аз чи истифода намоянд. Бинобар ин тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ҳаргуна дурӯғу буҳтонҳоро нисбати Ҳукумати имрӯза бор мекунанд. Лекин ҳамаи онҳо асос надоранд ва чуноне, ки дар урфият мегӯянд «дурӯғ умри дароз надорад».
Ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ бо сардории М. Кабирӣ афсонаи «сангпушт ва каждум»-ро ба ёд меоранд. Бо вуҷуди онки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз ҳамин ҳизб ва ҷонибдорони он бошанд, ҳам давлату ҳукумат ҳамаи онҳоро авф намуд. Дубора ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонун фаъолият баранд. Лекин сад афсус табиати онҳо ҳамин будааст. Ҳизби террористии ҲНИ боз мехоҳанд, ки неши заҳрноки худро ба тани мардуми тоҷик занад. Лекин ин дафъа ин кор ба онҳо муяссар намегардад. Мардуми тоҷик муйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Бахусус, ҷавонони имрӯзаи тоҷик пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.
Давлатов У.Н. – Ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ