ФИРЕФТАИ ҲИЗБҲОИ ИФРОТГАР НАБОЯД ШУД
Тоҷикистон дар қатори садҳо давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷойгир шуда, аъзои комилҳуқуқи созмони байналмилалӣ ва даҳҳо созмонҳои дигари ҷаҳонӣ мебошад. Дар давоми 31 соли мавҷудияташ ҳамчун як кишвари озоди демократӣ, дунявӣ ва мустақил бо мазмуни том дар самтҳои иқтисодию сиёсӣ ҷаҳиши бузурге кардааст, ки ин натиҷаи меҳнатҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба ҳамагон мусаллам аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекарданд. Тамоми ҳизбҳо дар сарзамини мо баробарҳуқуқ буда, ба ҳамаашон дар амалӣ кардани фаъолияти сиёсиашон имкониятҳои якхела фароҳам оварда шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, баъзеи онҳо аз чорчӯбаи қонун берун баромадаанд ва ҳатто амалиётҳоеро ба амал баровардаанд, ки ба оромиву субот дар кишвар хатарҳо эҷод мекунанд. Яке аз ин ҳизбҳо – ин Ҳизби Наҳзат Исломӣ мебошад. Чи сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ расман ба қайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофӣ аз моҳияти он бархурдор набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Зеро имрӯз мо дар асри ХХ1 қарор дорем.
Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбии мо бошанд, фикру ёдашон дар ришмониву сатрпӯшии занону духтарон буда, дигар ягон фикру андешаи пешравии ватанро дар дил намепарваранд ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.
Гуноҳи азими онҳо буд, ки ҳоло садҳо шогирдони гумроҳи онҳо шаҳди ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чашида истодаанд. Аллакай мо дида истодаем, ки аҳволи ин муборизҳо кадом ҳол аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар асри ХХ1 нодуруст паҳн кардани ғояҳои исломӣ ва мубориза таҳти он ин гумроҳӣ буда, ба натиҷаи дилҳоҳ намеорад. Ин роҳ танҳо ба самти ҷаҳолату торикист!
Роҳбарони ин ҳизб танҳо дар фикри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошанд, вале наметавонанд барномаи иқтисодӣ ва сиёсии худро ба халқ пешниҳод намоянд. Мумкин аст баъзе фикру ақидаҳои пой дар ҳавои онҳо як гурӯҳи муайянро гумроҳ намуда, аз паси онҳо раванд, лекин ин роҳ сарбаста аст ва охири он торик мебошад. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.
Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. ҲНИТ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодаанд.
Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлӯҳои фаъолияти сиёсии ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.
Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Афғонистонро ба сари миллати худ меоранд? Боке нест, ягон вақт ин тоифа ба худ ояд ва як хулосаи даркории худашонро оиди даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.
Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷо ягон гап ҳаст, яъне мардум ба рафти фаъолияти имрӯзаи ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезиро намехоҳад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, мардуми бонангу ори тоҷикро даъват менамоянд, ки фирефтаи ақидаҳои ингуна ҳизбҳои ифротгар нагарданд.
Факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ