Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор…

Тоҷикистони азизамон гул-гул шукуфта истодааст. Чун ба гулгашту боғҳояш қадам мезанад, аз зебоӣ дил ба фараҳ меояд. Мехоҳад суруди ватанхоҳии мардуми куҳанро гаштаю баргашта сарояд.

Ман ориёиям…

Ҳамин ифтихор аз доштани ватан, ҳимояи марзу буми онро ҳанӯз гузаштагон бо ҷонашон баробар медонистанд. Чун аз паёмбари ислом мепурсанд, ки ватан чист? Он кас ҷавоб медиҳанд, ки ватан ин имон аст, шахси беватанро бо шахси беимон баробар месозанд.

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Кадом муҳаббатро Мавлонои Балхӣ барои хонанда иброз медорад?

Ҳамон муҳаббате, ки имрӯз инсонро ба ин андоза овард. Агар инсоният аз оғоз ҳамеша худро дар ҷангу ҷидол медид, ватану марзу буми худро ҳимоят намекард, пас имрӯз мо ба ин ҳадди тараққиёт намерасидем. Танҳо муҳаббат ба илму дониш, ба ону кеши аҷдодӣ, ба меҳану модар инсонҳоро ба ин ҳад ва авҷи тараққиёт расонид. Аммо афсӯси он ки дар дунё нафароне чун Кабирӣ вуҷуд доранд, ки ҷомеаро ба таҳлука меандозанд ва ҳамеша манфиати худро ҷӯёанд. Магар гузаштагони мо дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву худшиносӣ барин мафҳумҳоро дар осорашон насурудаанд?

Магар онҳо мусалмон набуданд? Куштани мӯрча барин ҳашароти хурд гунаҳ шуморида мешуд, аммо Кабирию ҳаммаслаконаш солҳои 90-уми асри гузашта чи балоҳое ба сари мардум наёварданд. Имрӯз боз бо кадом рӯ худро муъмину мусалмон мегӯянд. Боз бо кадом забон даъвои ватанхоҳӣ доранд. Бо нафрати беандоза ба ин мардуми гумроҳ, ки худро бодину диёнат мешуморанд, гуфтаниям, ки пеш аз сухан кардан ва сиёҳ кардани мардуми Тоҷикистон аввал аз кирдорҳои нангини худ ва ҳаммаслаконашон нағзакак андешанд. Тоҷикон аз оғоз мардуми босабру таҳаммуланд ва ба доми фиреб ва найрангҳои пардапӯшонаи ин гуна тоифа нахоҳанд афтод.

 

Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like