МУҲИДДИН КАБИРӢ – ХОИНИ ТОҶИКИСТОН

Воқеан, М.Кабирӣ барои халалдор сохтани аминияти миллии Тоҷикистон бо нияти ба даст овардани мақсадҳои ғаразнок тамоми кўшишу нерўи худро сафарбар намуд. Бо назардошти манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ амал намуда, ба муқобили амнияти давлати худ, арзишҳои милливу фарҳангӣ фаъолият намудан гуноҳи нобахшиданист. Итминони комил дорем, ки халқи Тоҷикистон кирдорҳои номатлуби М.Кабириро маҳкум намуда, ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод.

Гарчанде, ки ҳокимияти конститутсионии кишварамон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барпо ва пойдории сулҳ ба онҳо вазифаҳои давлатиро бовард карда супориданд, вале аз шароит истифода бурда, ба миллатамон ва давлати Тоҷикистон хиёнат карданд.

Вақте, ки мардуми хирадманди Тоҷикистон дар интихоботи охирини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ба намояндагони ин ташкилоти хиёнаткор раъйи худро надоданд, онҳо барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки худ моҳи сентябр ба сохтори конститутсионии Тоҷикистон таҳдид оварда, хуни ноҳақи халқи азизи кишварамонро резониданд. Хушбахтона имрўз мақомоти қудратии мо ба ингуна амалҳои номатлуб истодагарӣ карда метавонад ва ин аблаҳҳоро дар вақти мувофиқ бартараф сохт. Минбаъд ин амалҳои худро онҳо дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд. Магар ин хиёнат нест? Мо бояд ҳама вақт ин қабил афродҳоро ба хоки ВАТАН роҳ надиҳем!

Аъзоёни ин ташкилоти ғайриқонунӣ нафарони беақлу бесавод ҳастанд, ки барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ, яъне соҳиби молу чиз шудан аз «хоҷагони хориҷии худ», ба ВАТАНИ худашон хиёнат мекунанд.  Фаъолияти ин ҳизб дар солҳои охир косаи сабри ҷомеаи шаҳрвандиро аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравонаш ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо лабрез намуд. Ҷомеаи тоҷик  намехоҳад Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад. Барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии Ироқ, Ливия, Миср, Сурия ва Украина, ки гўё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рўзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ ки ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пўшида нест.

Барои ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

Баъд аз кўшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ташкилоти экстремистӣ ва терроистии ҲНИТ бобати аъмоли нопоки асосгузорон, роҳбарият ва аъзои он зиёд гуфтаанду навиштаанд. Саҳми бориз доштани ин ҳизб дар кўшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ҳоҷӣ Ҳалим боис шуд, ки аъмоли нопоки он ба мардум рўнамоӣ шавад. Муътақидам, ки агар наҳзатиҳои террорист шукронаи бахшиш ва имтиёзҳои ба онҳо додашударо карда, фаъолияташонро дар асоси қонунҳои ҷорӣ ба роҳ мемонданд, шояд то ин андоза шармсор намешуданд ва аъмолу аҳдофашон расонаӣ намегардид. Айни замон афкори ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки баъд аз бардоштани парда аз чеҳраи манфури ин ташкилоти террористӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба ғайр аз нафрат нисбат ба ташкилоти экстремистӣ ва терроистии ҲНИТ чизе дигаре надоранд.

Хеле ба маврид ва қобили қайд аст, ки тағйироту иловаҳое, ки санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсия ворид гардиданд, таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидоштаро манъ намуданд. Ин муқаррароти меъёрӣ дар ҳақиқат боиси пешгириии ҷудоиандозӣ байни мардуми ҷумҳуриамон мегардад. Чунки дар кишварамон ба ғайр аз пайравони дини мубини ислом, дигар шахсоне, ки андешаашон нисбат ба дин гуногун аст зиндагӣ доранд. Инчунин таъсис ва маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз хориҷи кишвар маън карда шуд. Ҳамин тавр, ин тағйиротҳо барои боз ҳам пурзўр гардонидани соҳибихтиёрии давлатамон ва устувор гардонидани пояҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ мусоидат мекунанд, ки аз иродаю хоҳиши мардуми ҷумҳуриамон бармеоянд.

Ватанро дўст доштан, миллатро дўст доштан аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем.   Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштагиамон намоем.

 

Бобоев А.Х. – мудири кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like