КАБИРӢ – ЛАЪНАТ БА ТУ
Имрўз аз хондани ин мақола ноинсони ва душмани миллати тоҷик Кабирӣ дурўғгўй ва маккор мехостам фикру андешаи худро баён намоям.
Дар ҳақиқат ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хуби дарк намуданд, ки Кабирии ҳайвонсират ба ғайр аз вайронкорӣ ва хоинӣ дигар коре аз дасташ намеояд.
Лекин афсус, аз журналистони эҳтиёҷманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳ мехоҳад гурўҳи наве ташкил кунад ва боз аз истифодаи маблағҳои хоҷаҳои хориҷиаш кайфу сафо намояд.
Ман ба ҷавонони бо нангу номус ва меҳру мухаббат ба Ватани азизамон муроҷиат карда гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ба чунин «шахсон» гўш надиҳанд ва гумроҳ нашаванд.
Шахсе, ки худро тоҷик меҳисобад ва Тоҷикистонро Ватани хеш медонад бевосита аз он, ки дар дохили кишвар ё берун аз он истиқомат ва кору фаъолият менамояд, ҳама вақт обрўву эътибори Ватан аз ҳама боло меистад ва барои ободиву осоиштагии ин кишвари худодод ҷони худро дареғ намедорад.
Мо бояд номи ин маккор, беинсоф ва ноодамро (Кабирӣ дар назар аст) аз хотир барорем ва ҳама вақт тасаввур кунем, ки дар рўи Замин чунин инсон вуҷуд надорад. Барои дар рўзномаву, телевизион ва радио, саҳифаҳои интернети номашро навиштан ё талаффуз кардан ҳайф бояд донем.
Кабирӣ бо як макру ҳилла журналист Салимпурро ба Салимпул табдил дод ва ўро зердасти худ гардонида ҳамчун лўхтак истифода бурда истодааст.
Мо рафтори инро низ маҳкум мекунем, беинсофӣ ва бевиҷдонии инсон барои пул то чӣ андоза қадру қимат надоштааст. Чунки ин хел шахсон дар назди пулу мол падару модар, бародар, хоҳар ва даркор шавад оилаи худро низ мефурўшад.
Лаънат ба ту беватан!
Аз ин лиҳоз, боварии комил дорам иғвогарону дасисабозон наметавонанд мафкураи мардуми бафарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд.
Дадоматов Д. Н. – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ