ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ оиди эҳёи арзишҳои миллӣ, озмунҳои ҳарсолаи ҷумҳуриявӣ ва ҷашнҳои миллӣ хеле ба маврид фикрронӣ намуданд.

Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.

Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат оиди баргузории озмунҳо ва пайдо намудани истеъдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз байни наслҳои ҷавонӣ кишвар фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.

Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.

Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.

Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд.

Сарвари давлат мардуми шарифи Тоҷикистонро , ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шудани «Фалак» -ро аз ҷониби ЮНЕСКО табрик ва муборакбод намуд.

Панҷ рӯз пеш аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Яъне «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like