ПАЁМ – РАҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Паёми Президенти мамлакат дар соли воқеан барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ – сиюмин солгарди Иҷлосияи 16-умин Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.  Аз ин рў, Паёми имсола хусусияти хосе ба худ касб намуд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Воқеан, рушду пешрафт ва саодати ҳар миллат ба маориф ва фарҳангӣ он пайванда мустаҳкам дорад. Ин нуқтаи муҳим ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат таъкид мешавад.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои ҳар фарди ҷомеа ҳамчун дастуру қутбнамо буда, ҷиҳати зиндагии шоиста ва пурфараҳро ноил гардидан роҳкушоӣ менамояд, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва тадвин намудани дастуру китобҳои таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ таъсири мусбат ба бор меорад.

Изофа аз ин бо ташаббус ва иқдоми маорифпарварона ва адабпарастонаи Пешвои миллат озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ба ҳукми анъана даромадааст. Ин амал тамоми қишри ҷомеа, бахусус, хонандагону донишҷўёнро ба мутолиаи осори бадеӣ ташвиқ мекунад. Воқеан, дар мавриди ғамхориҳои давлату ҳукумат ба соҳаи маориф, бахусус, тўли солҳои охир, баҳри рушди он корҳои зиёд анҷом дода шуда истодаанд, барои таҳсили ҷавонон чи дар дохил ва чи берун аз кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Монеаи ҷиддие дар ин роҳ мавҷуд нест. Танҳо зарур аст, ки насли ҷавонро ҳар чи бештар ба касбу илмомўзӣ ҳидоят намоем, баҳри тарбияву бакамолрасонии насли аз ҳар ҷиҳат солиму дорои тафаккури созанда, худшиносу ватандўст омўзгорону волидон масъулияти бештар зоҳир намоем, ба ибораи дигар, фарзандонро ба роҳи дуруст, омўзиши илму ҳунар ва ободию созандагии ватани азизамон Тоҷикистон ҳидоят намудан вазифаи ҷонии маориф ва қарзи ҳар як волидайн аҳли ҷомеа мебошад.

Аз ин лиҳоз, Паёми Пешвои миллат манзалати як дарси пурмуҳтаворо дорад. Он дарси худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандориву ватандўстӣ ва ҳувияту ҳайсияти миллати мост.

 

Ахмедов Н.И. – мудири  кафедра ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like