РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИИ МАМЛАКАТ
Рушди ҳар як кишвар аз дараҷаи иқтидории иқтисодии он вобаста мебошад. Ҳамаи давлатҳо барои ба он расидан талош доранд ва мекўшанд, то аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта бошанд. Зеро ҳарчи нишондиҳандаи иқтисодӣ баланд бошад, шароити зисту зиндагонии мардум низ беҳтар мегардад ва мавқеву нуфузи кишвар дар сатҳи байналхалқӣ низ боло меравад.
Пешравии соҳаи соҳаи саноатро бе ҷорӣ намудани технологияи муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳоло технологияҳои муосир тақрибан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор дорад. Масалан дар давраҳои пеш агар техника ва технология танҳо дар соҳаи истеҳсолот истифода шавад, имрўз он дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, хизматрасонӣ ва ғайра ба таври васеъ истифода мешавад.
Бо назардошти муҳим будани соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ҳадафи чоруми стратегии кишвар рушди босуръати саноатикунонӣ эълон карда шудааст. Воқеан соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳим дар иқтисодиёти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад, ки он дар ғанӣ намудани буҷаи кишвар ва таҳкими мақоми давлат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад. Масалан, давлати Чин бо истиеҳсоли бештари номгӯи маҳсулотҳои ҷаҳонӣ, кишвари Ҷопон бо истеҳсоли беҳтарин технологияҳои рақамӣ ва автомобилӣ TOYOTA ва якчанд кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба монанди Фаронса, Итолиё, Олмон ва Англя аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва бо рушди тиҷорат дар дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯз нақши калидӣ доранд.
Дар рушди соҳаи истеҳсолот яке аз масъалаҳои асосиро ҷоӣ намуани технологияи муосир ташкил медиҳад, ки мақоми он дар сифатнокии маҳсулот ва арзиш мол таъсири назаррас дорад. Муддати чанд соли охир дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушд раванди ворид кардани технологияҳои муосир рафта истодааст ва он бесабаб нест.
Барои Тоҷикистон низ имрўзҳо ворид кардани технологияҳои муосир яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро бе технологияи нав пешравии соҳаи истеҳсолотро тасаввур кардан номумкин аст. Дар ин марҳила бояд, диққати ҷиддӣ дод, ки техникаю технологияи муосири ба доихили Точикистон ворид шаванда сифати баланд дошта бошад ва он солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор гирад. Ҳамзамон доир ба нарху шартҳои сабук ворид кардани технологияҳои муосир диққат дидан лозим аст, ки то он боиси баланд рафтани арзиши маҳсулоти истиеҳсолшаванда нагардад ва дар бозори дохилӣ харидор пайдо карда тавонад.
Хушбахтона, соҳибкорони тоҷик барои ворид кардани технологияҳои муосир ба Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ гузошта истодаанд, ки он дар рушди соҳаи саноат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ таъсири назаррас дорад. Бо дастгири Ҳукумати Тоҷикисон нисбати санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна маратория эълон карда шуд ва ҳамзамон илова бар ин, даҳҳо номгўй имтиёзҳои дигарро низ мукаррар намуданд, ки ин сиёсат ба рушди соҳаи саноат таъсири назаррас дорад.
Имрўзҳо бисёри намуди маҳсулоти ниёзи мардум аз беруни кишвар ворид карда мешаванд, ки аҳолии кишвар асосан аз он молҳо харидорӣ менамоянд. Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ низ маҳсулотҳои гуноун истеҳсол карда мешавад, ки он ба талаботи бозор ҷавобгў буда, ба рушди саноат ва иқтисоди миллӣ нақши назаррас дорад.. Гарчанде имрӯз дар Точикистон имконияти истеҳсоли технологияҳо муосир нест, аммо истеҳсоли махсулоти ниёзи мардум дар рушди иқтисодиёти мамлакат ниҳоят муҳим мебошад. То он замоне, ки маҳсулотҳои талаботи мардум аз кишварҳои берун ворид карда мешавад, пешрафти иқтисодиёти мамлакат ғайриимокн аст ва он вақт истиқлолияти сиёсӣ низ ҳамеша зери хатар қарор мегирад. Аз ин рӯ, дастгири намудани соҳибкорони тоҷик баҳри ворид кардани технологияҳои муосир ва ташкил кардани корхонаҳои саноатӣ дар кишвар дар самти таҳкими иқтидори сиёсиву иқтисодиёти мамалакат қадами асосӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди саноат на танҳо ба ғанӣ намудани буҷаи давлат, ҳамчунин ба боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Маҳз дар баробари рушди саноат фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ боис мегардад, ки шаҳрвандон, махсусан насли ҷавони кишвар тамоми неруи хешро баҳри корҳои созандагиву ободкории Ватани хеш сафарбар намоянд.
Хулоса, татбиқи чор ҳадафи стратегии кишвар, аз ҷмула ҳадафи чорум – рушди босуръати саноатикунонии мамлакат барои расидан ба нишондиҳандаҳои баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ