ҲАҚИҚАТИ АБДУЛЛОИ РАҲНАМО  ДАР ҲИМОЯИ  МАРЗУ БУМ

 

Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.

Бинобар ин мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст дар иттиҳоду боварӣ давлату ҳукумат манфиатҳои онро ҳимоя намоем. Зеро дар абёти таърихии миллати тоҷик омадааст: Ҳар касе , ки ватанаш марзу бумашро дуст намедорад ў шахси нисбатан зарарнок ба ҳисоб меравад. Зеро ки беэҳтиромӣ ба модар, ватан ин далели он мегардад, ки ў ба гузаштаҳои худ боварӣ надорад.

Тибқи мақолаи таҳлилии Абдуллои Раҳнамо имрўз хурду бзурги кишварро зарур аст барои манфиатҳои миллӣ чӣ аз нигоҳи иттилоотӣ ва чӣ аз нигоҳи тавоноӣ саҳмгузор бошад.

Таҷрибаи имрўзаи ҷаҳон собит менамояд, ки ҳар як халқу миллат дар интихоби масъалаҳои доҳилидавлатӣ худ соҳиб ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон худ гувоҳи танзимкунандаи марзу бум мебошад.

Шакли идораи ҷумҳурӣ моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёди давлат таѓйирнопазиранд.

Шамсиев Ф. К. – н .и.и., дотсент,  мудири кафедраи менеҷмент

You might also like