Сиёсатбозиҳои Кабирӣ дар хориҷи кишвар

Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардида, яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсуб ёфта, имрўз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст.

Вале, мутаассифона дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар кишвари соҳибистилоли мо гуруҳи экстремисти ва террористӣ бо номи “Наҳзати ислом” бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чӣ нақшаҳое таҳия намуда буданд ба ҳамагон маълум аст. Дар шароити кунунӣ низ маҳз мавҷудият ва фаъолияти гурўҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ, амсоли ТЭТ ҲНИ аксар кишварҳои оламро бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудааст.

Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки баъзе аз кишварҳо манфиатхои геополитикии худро пеша карда, аз стандартхои дугона истифода менамоянд. Аммо ин гуруҳҳо ба хадафи нопоки худ нахоханд расид, зеро мардум ҳакикати воқеиро дарк намуд.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, ақидаҳои ғаразноки худро нисбати давлати мо иброз намуда суботу оромии кишвари моро халалдор кардан мехоҳад. Муҳиддин Кабирӣ бояд донад, ки саҳифаҳои таърихро нав карда намешавад. Ӯ босмачиҳоро дастгирӣ карда, аз онҳо қаҳрамон месозад. Оё ӯ медонад, ки дар қарни гузашта ҳоли мардуми Тоҷикистон аз дасти босмачиён чӣ қадар талафоти ҷонӣ дида буданд. Ӯ аз таърих огаҳӣ надорад. Вақте ки Муҳиддин Кабирӣ онҳоро ҳимоя мекунад, худ низ ба босмачӣ табдил меёбад.

Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа супоришҳои хоҷагони хориҷиашро ба анҷом мерасонад, аммо кору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар таърихи Тоҷикистони навин қаҳрамонони саҳифаҳои сиёҳ мебошанд.

Мардум дубора ба гуфтаҳо ва ақидаҳои иғвоангезандаи ӯ бовар намекунад. Тоҷикистон устувор гашта, мардуми сарбаландаш сиёҳро аз сафед ҷудо мекунанд.

Мо хуб медонем, ки муносибати ба ҳам дӯстонаи ТЭТ ҲНИ бо дигар ташкилоту созмонҳои ифротӣ ба мисоли «ДОИШ», «АНСОРУЛЛОҲ», «САЛАФИЯ» ва «ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР», ки фаъолияташонро  тавассути ин ҳизбҳо ба роҳ монда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.

Тоҷикистон дар қатори садҳо давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷойгир шуда, аъзои комилҳуқуқии созмони байналмиллалӣ ва даҳҳо созмонҳои дигари ҷаҳонӣ мебошад. Давоми 30 соли мавҷудияташ ҳамчун як кишвари озоди демократӣ, дунявӣ ва мустақил бо мазмуни том дар самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ҷаҳиши бузурге кардааст, ки ин натиҷаи меҳнатҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо баробари ин айни замон созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурўҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» арзи ҳастӣ доранд, ки торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Аврупо, паҳну парешонанд. Аз ин нигоҳ ҲНИ дигар танҳо марбут ба Тоҷикистон нест, он хатар ба ҷомеаи ҷаҳонист. Имрўз фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст.

Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд.

Имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад.

Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети «Инноватсия ва телекоммуниктсия»-и ДДҲБСТ

You might also like