Ҳақиқат ва адолат бар ҷониби Тоҷикистон аст!

Низои марзии байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки  солҳои тӯлонӣ идома дошта, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, дар солҳои охир торафт мураккабу муташанниҷ гардидааст. Баррасии масъалаи мазкур аз тарафи ҷонибдорону коршиносон нишон медиҳанд, ки ин буҳрон исботу далел мехоҳад. Бо шомил шудани Русия ба ин баҳс ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон» боиси васеътар шудани чунин буҳронҳо гаштааст. Ин аст, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.

Шарҳи моҳияти низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби коршинос Абдулло Раҳмонӣ собит месозад, ки 211 000 гектар замин аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд, ва Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад. Моҳияти аслии низои марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Тибқи санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ном гирифта мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд. Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркиби давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод.

Дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар тамоми давраи баҳс аз ҷониби Тоҷикистон ягон амал на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя роҳ дода нашудааст, мавқеи Тоҷикистон ҳамеша танҳо ба хотири ҳимоя ва озодсозии хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надошт  ва надорад, яъне дуруст ишора карда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад.  Қирғизистон бошад, доимо аз баргардондани заминҳои ғасбнамудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад.

Такрор ба такрор дар асоси санаду далелҳои қавӣ собит карда шуд, ки дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст. Истодагӣ ва мавқеи давлат ва роҳбарияти кишвар таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишварро зарур аст, ки ба дурустии мавқеи худ ва кишвари худ боварии комил дошта бошад. Зеро табиист, ки бе донистани моҳияти масъала таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ мушкил аст. Мавқеи устувор ва огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад.

 

Салимова М.М. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи андоз  ва  андозбандии  ДДҲБСТ

You might also like