Ҳимояи Ватан ва зарурати муқовимати ҷомеа ба хавфу хатарҳои муосир

Дар давоми солҳои Истиқлолият ба мардуми қаъвииродаи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  муяссар шуд, ки амнияту осоиштагӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар  таъмин гардад, ки дар натиҷа ба рушди бомароми соҳаи иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тавқияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва раванди дигари созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар шароити  мусоид барпо карда шавад. Лекин, низои мусаллаҳона дар сарҳади кишвар, баробари   густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавиёти ҷомеа аз муқобилгузории арзишу фарҳангҳо моро водор мекунанд, ки ҳама  баҳри таъмини амнияти Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, кўшишу талоши пайваста дошта бошем.

Муноқишаи наздисарҳадӣ ва низоъ бо қирғизон оқибат то ҷанги мусаллаҳона бо тиру туфангу техникаҳои ҳарбӣ ва боиси таасуф аст, ки ба  қурбонии  ҳамватанони  мо  оварда  расонд. Садоқати фарзандони шуҷоъ дар ҳифзи Ватан намунаи ибрат, ҷонфидоӣ ва номи неки онҳо фаромушнашаванда аст.

Ин ҳуҷуми  мусаллаҳона ва  аҳдшиканонаи  қирғизон ба марзи кишвари мо,  идомаи сиёсати духура ва ҷудоиандозӣ, нақша ва ниятҳои ғаразноки як зумра аз роҳбарони ҷиноятпешаи  давлати ҳамсоя аст, ки бо маслиҳат ва ҷонибдории давлатҳои дигари иғвоангез амалӣ гашт. Доираҳои моҷароҷўи қирғиз бо тақсими силоҳ байни сокинони наздисарҳадӣ, бо даъвою баҳонаҳои гуногун тарқиботи ҷангҷуёна  ва  манфиатҷўиро пеша карда, муҳити ороми  минтақаи наздисарҳадиро, иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи мардумро боз ба хавфу хатар ва  монеаҳои сунъӣ дучор карда истодаанд.

Лекин, аён аст, ки таҳдиди хавфи давом ёфтани муноқишаҳои  мусаллаҳона дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадӣ бояд бо роҳи гуфтушунид бо доираҳои солими ин кишвар, тавассути маслиҳату мусолиҳаи дуҷониба бо назардошти эътирофи қатъии хатти (ҳудуди) таърихан шаклгирифтаи  сарҳадҳои давлатӣ  пешгирӣ ва бартараф карда шаванд.

Сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон дар шарикӣ ва ҳамкории иқтисодӣ,  инкишофи муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатҳои  минтақаи Осиёи миёна ва ИДМ ва баҳри  самаранок, мақсаднок ҳал кардани масъалаҳои гуногун дар соҳаҳои амнияти минтақа, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ  бетағйир боқӣ мемонад. Лекин, задухурди  мусаллаҳонаи дар марзи Тоҷикистон рухдода бо айби низомиён  ва баъзе аз роҳбарони  беандеша ва кундфаҳми сохторҳои давлатии Қирғизистон, ки бо умеди дастгирии молиявӣ ва мусаллаҳгардонии давлатҳои моҷароҷу (онҳое, ки рушду пешрафти Тоҷикистонро нодида мегиранд) палидию носипосии худро намоиш  доданд, ба ҳамкорию осоиштагии мардуми ҳарду кишвар ва тамоми минтақа давоми  солҳо  таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳодисаи дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо кучманчиёни қирғиз рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд амнияти кишвари мо таъмин ва  боэътимод бошанд ьам, андешидани чораҳои иловагӣ ва пайдарҳами доимӣ баҳри аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар, соҳибкорон, шаҳрвандони саховатпеша, корхонаву ташкилот ва ширкатҳои тиҷоратӣ дастгирӣ ёфтани ҷузъу томҳои кувваҳои мусаллаҳ ва низомӣ, сарҳадбонони кишвар, ҳамкории пайвастаи низомиён бо сокинони наздисарҳадӣ аз манфиат холӣ нест. Амнияти ҳаёти осоиштаи мардуми  кишвар аз хавфу хатари муосир ва душманони моҷароҷўи миллат ба мусоидат ва ҳамкории пайвастаи тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро ҳама гуна низоъ, иғвоандозӣ то даъвоҳои беасоси марзӣ ба муттаҳидӣ, созандагӣ, рушд ва оромию осоиштагии мардуми мо зарба зада, сатҳи зиндагии моро коҳиш медиҳад ва ба амнияти давлату жомеаи мо хавфу хатарҳои нав эҷод мекунад.

Моро зарур аст, ки дар чунин вазъияти ҳассос дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид, фаъол ва содиқ бошем, амнияти кишвари худ, ҳифзи дастовардҳои миллӣ, ғояҳои ҳамзиштиро дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ,  рушди муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар доираи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ  тақвият бахшем.

Баҳри  ҳимояи Ватан, пешгирӣ ва бартараф кардани сарчашмаҳои хавфу хатарҳои муосир  доимо омода ва ҳушёр бошем, сатҳи худшиносӣ, худогоҳӣ ва  таълиму тарбия, тарғиботу ташвиқоти ватандустӣ, садоқат ба Ватан, инчунин ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии низомиёнро  вусъат  бахшем.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

ДДҲБСТ

You might also like