ТЭТ ҲНИ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ
Солҳои охир тамоми ҷомеаи ҷаҳониро авҷ гирифтани зуҳуротҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Экстремизм ҷинояте мебошанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат равона карда шудааст. Ҷинояти мазкур хавфнокии баланди ҷамъиятӣ дорад.
Экстремизм мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ фаҳмида мешавад.
Экстремизм тамоюл ба зўроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти эксртемизм, инчунин, даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, фарқгузории одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст.
Чунин аломатҳо айнан дар фаъолияти собиқ Ҳизби наҳзати ислом, Давлати исломӣ дар Сурия ва якчанд дигар созмону ҷамъиятҳои ба ном исломӣ дида мешавад. Гуруҳи муайяни ашхос номи поки исломро истифода намуда, ба он дар арсаи ҷаҳонӣ доғ меоранд.
Ҷиноятҳое, ки аз ҷониби баъзе шахсони мансабдор, роҳбарон ва аъзоёни фаъоли собиқ Ҳизби назҳати ислом, ки бо истифода аз номи ислом ҳизбдорӣ намуда, ба боварии мардум даромада, бо дастгирии ҳаммаслакони хориҷии худ таи солҳои охир бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, дигаргун сохтани сохти конститутсионии кишвар нақшаи мукаммал тарҳрезӣ намудаанд. Ҷиноятҳое, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби гуруҳи муайян бо роҳбарии бевоситаи раиси собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ содир карда шуданд ва дар рафти тафтишот даст доштани он тасдиқи бевоситаи худро пурра ёфт гувоҳи ин гуфтаҳост.
Бо дарки хавфнокии баланд доштани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои худ соли 2014- 2015 якчанд ҷамъият ва ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро бо далелҳо ва асосҳои кофӣ экстремистӣ ва террористӣ эътироф намуда фаъолияташонро манъ кард.
Бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 9 октябри соли 2014 Кумитаи 24 ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда эътироф карда шуда, фаъолияташ манъ карда шудааст.
Баъд аз ҳодисаҳои 4 сентябри соли 2015, ки аз ҷониби гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ бо роҳбарии бевоситаи собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф бо номи Ҳоҷи Ҳалим ва дастур ва роҳнамоии роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид, ки дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд.
29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)- террористӣ эътироф намуда фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби нахзати исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.
Имрўз тамоми шаҳрвандон ин амалҳоро маҳкум менамоянд ва изҳори таассуф мекунанд, ки бо истифода аз номи ислом ба чунин амалҳои нангини нобахшидани ин гуруҳи ҷиноятпеша даст задаанд ва чанд нафар шахсони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.
Қобилов Б.Қ. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ