ИФРОТГАРОӢ – ХАТАР БА ҶОМЕА
Дар марҳилаи имрўза мубориза бар зидди гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Ифротгароӣ дар фаъолияти худ ақидаҳо ва ғояҳои исломи фундаменталиро ҷонибдорӣ карда бар зидди ҳокимияти қонунӣ ва ҷомеаи имрўза мубориза мебарад.
Ифротгароӣ ин зиёдаравӣ мебошад, ки онҳо аз тартиботи имрўзаи ҷомеа норозӣ буда, барои барқарор намудани сохти асримиёнагии давлати исломӣ мубориза мебаранд.
Бояд қайд кард, ки дар солҳои 90-уми асри XX гурўҳҳои ифротгаро муборизаи худро бар зидди ҳокимияти қонунӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон пурзўр карда ба ҳокимияти қонунӣ хатари зиёдро ба миён оварданд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон тамоми фаъолияти худро барои гирифтани ҳокимият ва ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон равона намуд.
Соли 1997 Созишномаи сулҳи тоҷикон имзо гардид ва ҳизби наҳзат ваъда дод, ки фаъолияти ифротгароёнои худро бас карда дар асоси қонун фаъолият менамояд.
Аммо соли 2015 ҳизби наҳзат бо роҳбарии генери хоин Назарзода А. боз аз нав муборизаи хиёнаткоронаи худро бар зидди ҳокимияти қонунии Тоҷикистон оғоз намуд.
Қувваҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон нақшаҳои хиёнаткоронаи душманони миллатро шикаст дода онҳоро пароканда намуданд. Имрўз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар хориҷа бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолияти ифротгаронаи худро давом дода бо воситаи сомонаҳои интернет мунтазам бо даъватҳои иғвоангез баромад менамояд.
Бояд қайд кард, ки Осиёи Марказӣ чунин ташкилотҳои гуногуни террористӣ ба монанди: “Бародарони мусулмон”, “Ҷундуллоҳ”, “Ансуроллоҳ”, “Таблиғот”, “Ҳаракати исломии Туркистон” ва дигарҳо пинҳонӣ фаъолият намуда, барои ноором кардани фазои ҷомеа мубориза мебаранд.
Соли 2014 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон амалиёти махсуси гузаронида, гурўҳи террористиро, ки нақшаи ташкили амалиёти террористӣ дар НОБ Роғун дошт безарар гардонид.
Бояд қайд кард, ки дар ҳудуди давлатҳои СААД (ОДКБ) 50 гурўҳи террористӣ радикалӣ амал менамояд, ки сохторҳои қудратии давлатҳо бар зидди онҳо мунтазам амалиётҳо ташкил намуда, безарар мегардонанд.
Раванди сиёсии ҷомеа талаб менамояд, ки бар зидди гурўҳҳои ифротгаро мунтазам мубориза бурда, моҳияти нақшаҳои хиёнаткоронаи онҳоро фош намудан лозим аст.
Одинаев А. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ