НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар замони саршавиштсози мо, дар айёме, ки бисёре аз миллату қавмҳо дар рў ба рўи интихоби таърихӣ қарор гирифтаанд, барои мо тоҷикон, баробари соҳиб шудан  ба истиқлоли сиёсӣ гузаштаи дуру наздики худро баррасӣ намудану аз таърих сабақ гирифтан, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому нақши худро муайян кардан хеле муҳим аст.

Мусаллам аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои марҳилаи кунунӣ барои ояндаи давлату ҷомеа нақши сарнавиштсоз дорад. Миллате, ки истиқлолият надорад ва масири зиндагии худро озодона бо дастони худ муайян намекунанд, миллатест бе поя ва беормон. Дар тӯли таърих ҳар гуна миллатҳо ҳамеша барои ба даст овардани истиқлолият мубориза бурдаанд ва танҳо он вақт худро хушбахт ҳисобидаанд, ки ба он ноил гаштаанд.  Раҳим Масов қайд мекунанд, ки ин иқдом хусусан барои халқи дар гузашта ранҷдидаи тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихаш лаҳзаҳои фоҷиавиро аз сар гузаронидааст, сарвар нақши ҳалкунанда мебозад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому  мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Барои мо аз ҳама муҳимтар он аст, ки  мо бояд ба наслҳои имрӯзаву ояндаи худ дуруст фаҳмонему нишон диҳем, ки соҳибватан будан ифтихори бузург аст ва  ҳамзамон бо он, ба қадри ин неъматҳои бебаҳо – яъне Ватан ва  истиқлолияти  он расидан масъулияти бузург мебошад. Мардуми мо, хусусан ҷавонон, бояд донанд, ки падидаҳои тундравию худхоҳӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯрӣ силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва гузашта аз ин пушти по кардани қонун оқибатҳои даҳшатнок ва фоҷиабор дорад.

Таърихи ҳаёти 30-солаи  навини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит месозад, ки дар ин давра давлатамон ба комёбиҳои бисёр назаррас ноил гаштааст.

Комёбии асосие, ки  ба муваффақиятҳои минбаъда заминаи устувор гузошт, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар ҷомеа буд, ки пас аз талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҳақиқат истиқлолият  поягузори  оғози таърихи навин ва сарнавиштсози кишвари тоҷикон мебошад. Бо эъломияи истиқлолияти кишвар саҳифаи нави таърихи, яъне «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон гардид.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Умуман, 30 соли истиқлолият давраи ба вуҷуд овардани шароиту имконот барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гашт.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр  сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои ояндаҳои дуру наздик тарҳрезӣ намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш меравад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар  ва фарзандони бо нангу номуси миллат, инчунин ҳамкории беғаразонаи тамоми  табақаҳои аҳолӣ, корҳои азими созандагиро пеш гирифта, бо вуҷуди мушкилоту, монеаҳои мавҷуда роҳу равиши ояндаро тарҳрезӣ намояд.

Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст, тарҳи замонавӣ иқтидори рӯзавфзуни иқтисодӣ ва рушду нумӯи бо суботи техникаву технологиро ба худ гирифта истодааст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: Бигузор азму иродаи қавӣ ва нерӯи созандагии халқи азизамон моро ба сӯи кору пайкорҳои оянда ва фатҳу нусратҳои тоза ҳидоят намояд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон, ба тамоми меҳнаткашоне, ки имрӯз иншоотҳои бузургро бунёд мекунанд ва дар ҷодаи пуршарафи созандагӣ талоши шоиста доранд, муроҷиат мекунанд: «Онҳо бояд донанд, ки дар майдони пайкору  ободии Ватан ширкат варзидан, бо меҳнати софдилона дар сохтмонҳои бузурги мамлакат саҳми сазовор гузоштан қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва шарафу ифтихори фарзандӣ маҳсуб меёбад ва ҳар кори хайре, ки имрӯз анҷом дода мешавад, барои фардои ободи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои ояндаи миллат аст».

Таърих ба мо имконият додаст, ки барои бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ва муваффақ шудан ба ваҳдати миллӣ хирад, қудрат ва тавоноии худро истифода барем. Бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки  имзои матни нави  Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва доимӣ намудани мӯҳлати амали он  аз ҳамкории пурсамару боэътимоди байни Ҳукумат ва ҳамаи нерӯҳои  пешбарандаи кишвар ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳодат медиҳад.

Аз таърихи қадимаи халқи тоҷик ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон борҳо бо душманон ва истиллогарони аҷнабӣ  рӯ ба рӯ шудаанд, ки  нерӯмандтарин қудрати замони худ буданд, вале онҳо бо ҷасорату мамонат ва фидокории бемисолу монанд камари ин  абадқудратҳои замонро шикастанд.

Аз ин лиҳоз ҳам истиқлолияти халқи тоҷик натиҷаи муборизаи ҳазорсолаҳо буда, он ҳақиқатан ҳам неъмати бебаҳои таърих мебошад.

Истиқлолият воқеаи сиёсии бузургест, ки  дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштагиву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин санаи тақдирсоз дур барад ҳам ҳамон қадар аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки  рушд ва давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ дар сарзамини бостониамон, амал кардани  ислоҳоти судию ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Истиқлолият ибтидо мегиранд, ки маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ки мо ҷавонон аз он шукргузорем.

Мо бояд, ки бо истифода аз донишу малакаи хеш баҳри ҳифзи афзун намудани тамоми дастовардҳои 30 соли истиқлолият, ки насиби миллат гардидаанд кўшиш ба харҷ дода, баҳри наслҳои оянда пояи боэътимоди маънавӣ бахшем.

 

Кабирзода Г.Қ. – муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like