НИҲОЛӢ ДУШМАНӢ БАРКАН, КИ РАНҶИ БЕШУМОР ОРАД

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол намуда, таърихи бою чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик аз он гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик ҳамеша сиёсати сулҳҷўёнаро пеша мегирифт. Он ҳодисаҳои ташвишоваре, ки моҳҳои наздик  аз ҷониби мардуми қирғиз дар сарҳади давлатӣ ба вуқўъ пайваста истодааст, бисёр муаммоҳоро ба миён оварда, суолҳои зиёдро ба миён меорад. Зеро,  миллати тоҷик садсолаҳо мардуми қирғизро ҳамчун бародар хонда, иззату икром, вафову шарафу меҳру садоқатро дар мадди аввал медонист. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми қирғиз бадгумонию бадгўиҳо ва амалҳои ғаразнокро нисбати мардуми соҳибхираду бофарҳанги Тоҷикистон пеша карда, ҳар гуна ақидаҳои бардуруғ оиди воқеаҳои рўзҳои охир ва дигар муаммоҳои мавҷуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ одоби баланди муоширатро риоя намуда,  аз тамоми зуҳуроти душманситезӣ,  ҳаққорату дашномдиҳӣ, паҳн кардани ахборотҳои бардурўғу иғвоангез ва дигар  амалҳои  таҳқиромез, ки боиси тезу тунд гардидани муносибат байни ҳамсояҳо ва ноором шудани минтақа мегардад.

Амалҳои ихтилоангезе, ки аз ҷониби роҳбарони ҷинояткори қирғиз мунтазам паҳн карда мешавад, боиси боз ҳам муташанниҷ шудани вазъи мўътади сарҳадӣ ва  ҷомеаи башарӣ гардида, боиси сар задани ҳолатҳои боз ҳам хатарнок оварда мерасонад, ки ин бисер ташвишовар аст.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону сокинони  ҳамсоядавлати  мо  Кирғизистон бояд фавран  аз кирдорҳои иғвоангезонаи худ даст кашида, аз омодагии мусаллаҳонаи худ ва ҷамъ намудани аслиҳа ва сарбоз дар сарҳад, ки бар хилофи ҳамагуна протоколҳои баимзорасида мебошад, барои барқарор кардани муносибатҳои дўстонаи халқҳои тоҷику қирғиз, тинҷию ормии  минтақа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии кулли сокинони он монеъ хоҳад шуд. Зеро, рисолати халқи тоҷик танҳо, сулҳҷўию созандагӣ, на ҷангҷуиву иғвоангезӣ!

Раҳматова З.М.дотсенти кафедраи ҳуқуки конститутсионии факултаи ҳуқукшиносӣ

You might also like