ҶАВОНОН ВА ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷавон ба рисолати таърихи халқи худ ва имрўзи дурахшони он шукргузорӣ карда, дастовардҳои беназири халқи худро аз кӯшишу ғайрат, садоқату мардонагӣ, поктинатӣ, ватандўстиву меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд. Пешвои миллат наҷотбахшандаи воқеиву ростини халқу Ватани худ ҳастанд. Бо иродаву ҳамзабонӣ Ваҳдати миллиро миёни халқи тоҷик ва ҷавонон таҳким бахшида, барои сарҷамъии мардуми тоҷик хизматҳои беназир доранд ва ҷавонон ифтихори чунин Сарвари ваҳдатофару маърифатпарвар ва фидоии миллат доранд.
Падидаи дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аст, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шуда буданд.
Муҳаққиқони ҷавон аз мавқею мақом ва рисолати ҷавонони дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузорӣ пайваста ба созандагию бунёдкорӣ, қадршиносиву ғамхориҳои падаронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро хеле рӯҳбаланд гардонида, водор месозад, ки ҳамеша дар пайи дастовардҳои нав ба нав бошанд, илҳоми тоза гирифта, дар таҳқиқу ҷустуҷӯ ва кашфи натиҷаҳои нави илмӣ пайваста кӯшиш намоянд.
Муҳаққиқони ҷавон барои ободии Ватан, рушду нумӯи иқтисодӣ, суботу оромии кишвар ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон сидқан хизмат менамоянд.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷавонони номзадҳои илм, аспирантон магистрантон ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони вилоятҳо дар сатҳи баланд доир гардида, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон гирд оварда шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нашр расонида мешавад, ки ин дастгирии олимони ҷавон, пайваста барои ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад.
Тавре маълум аст, мутобиқи Фармони Президенти мамлакат идрорпулии президентӣ барои ҷавонони болаёқат, таъсис дода шуда, теъдоди сазоворгаштагони он марҳила ба марҳила зиёд гардид, теъдоди зиёд гирандагони идрорпулиҳои президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳодати таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумат ва Сарвари давлат ба ҷавонони собҳибистеъдод гардидааст. Хушбахтона, ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони мамлакат хонандагони муассисаҳои таълимии ба гирифтани идрорпулии президентӣ мушарраф мегарданд.
Бо мақсади ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷўёну магистрантон ва аспирантон стипендияи таъсис дода шудааст
Ҳамин тариқ, асосҳои рушди ҷавонон дар кишвар пешбарӣ гардида ҷойи махсуси худро дорад, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назарраси худ оварда расонидааст.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҷавонон, аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташабусси созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Шарипова М.М. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети баҳисобгирӣ ва андоз