ТЕРРОРИЗМ ҲАМЧУН МАСЪАЛАИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.
Дар ҳақиқат имрўз терроризм яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир мебошад.
Аз рӯи моҳияти худ терроризм аз ҷиноятҳои хавфноктарини даврони муосир буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналмиллалӣ дорад. Мубориза зидди терроризм ва экстремизм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Пешвои муаззами миллат, мущтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буданд: «Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморад ва эҳтиром менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида бахшида, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои дар Эъломияи ҳуқуқи башар пешбинишударо таҳким додааст ва барои риояи онҳо кафолатҳо муайян кардааст. Ин меъёри конститутсионӣ амали бевосита дошта, иҷрои онҳоро давлат таъмин менамояд. Қонунгузории Ҷумҳурӣ муқаррароти Конститутсияро инкишоф дода, воситаҳои мушаххаси таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки нисбати мубориза бар зидди терроризм, воситаҳои инсонро ривоҷ дода, баҳри амали онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Мо бояд бар зидди ҳамаи он мамониятҳо, ки садди роҳи пешрафти ҷомеаи мо ҳастанд, мисли қонуншиканӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ нисбати шахс, хариду фурӯши одамон, терроризм муборизаи беамон барем.
Каримова М.М.- муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ