ҲНИТ ВА ПАДИДАҲОИ ЭКСТРЕМИСТИИ ОН

Ба хамагон маълум ва равшан аст, ки дар оғози солҳои 1992 то 2000 дар ҳудуди кишвари таърихии Тоҷикистон чӣ ҳодисаҳои дахшатангезе сар зада буданд, ки дар он чандин ҳазор одамони бегуноҳ ҷони худро баҳри несту нобуд кардани душманони миллати тоҷик бохтанд. Ва бешубҳа яке аз сабабгори асосии сар задани чунин бесарусомониҳо маҳз фаъолият бурдани Ҳизби нахзати исломи Тоҷикистон буд, ки имрўзҳо низ аз хориҷи кишвар мехоҳад бо ҳар роху восита вазъи сиёсии кишвари маҳбубамонро ногувор созад.

Аз он рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонем дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шўру валвала ва фисқу фасодро мебинем. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ-ро ба маврид мешуморам, ва андеша бар он дорам, ки ба мардуми таърихие, ки мусулмони асил аст, дини мубини исломро на бо ҳизб ё гурўхбозӣ, балки аз сидки дил хурмат менамояд зарурати минбаъд фаъолият бурдани онро ягон заррае ҳам зарурат надорад.

Имрўз, собиқ роҳбарияти ин ҳизби бе нангу номус бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, ки аз хориҷи кишвар истода бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид, зеро мардуми имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар мардуми солҳои 90-ум шуда наметавонад, ки ба фитнаҳои онҳо ба зудӣ боварӣ ҳосил намоянд.

Аз давраи ба расмият даромадани фаъолияти ҲНИТ, аз тарафи ин ҳизб васеъ истифода бурда шудани шиорҳои инқилобӣ, номгузорӣ шудани фарзандони сарварони ин ҳизб бо номҳои пешвоёни мазҳаби шиа, ки дар ватани мо чандон маъмул нестанд ва даҳҳо далелҳои дигар мушоҳида мегарданд, ки аломати аз мазҳаби таҳаммулгароёна, анъанавии халқи мо рӯ гардонидан, хиёнат намудани сарварон ва аъзоёни фаъоли он мебошад.

ҲНИТ ва тарафдорони он мехостанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремизми диниро ташаккул диҳанд. Экстремизми динӣ аломатҳои худро дорад, ки аз дигар намудҳои фаъолияти экстремистӣ фарқият дорад. Ба сифати нишонаҳои ҳатмии экстремизми динӣ маҷмўи мафкураи динӣ-экстремистӣ дохил мешаванд, яъне ақида ва андешаҳои муайян, тарз ва усулҳои баамалбарории ақидаҳои экстремистӣ. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки экстремизми динӣ бо дигар зуҳуротҳои манфии ҳаёти ҷомеа алоқаи зич дорад. Экстремизми динӣ на фақат ба барангехтани кинаю адовати динӣ, амалҳои террористӣ замина мебошад, ҳамчунин ба гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир шароит муҳайё сохта, ҷинояткории муташаккилро фаъол мегардонад. Таҳлили амалияи татбиқи қонунгузорӣ вобаста ба муқовимат ба экстремизм нишон медиҳад, ки экстремизми динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои барҳам додани сохти дунявии давлат равона карда шудааст.

Ифротгароёни динӣ мақсад доранд, ки фақат намояндаҳои як дин ё мазҳаб дар сари қудрати сиёсӣ қарор дошта бошад. Чунин иқдом ба вайрон шудани якпорчагии Тоҷикистон, сарнагун намудани сохти коститутсионии он ва ҷорӣ намудани ғояҳои як дин ҳамчун идеологияи давлатӣ оварда расониданаш мумкин аст. Таълимотҳои инсонпарастии динӣ аз ҷониби ифротгароёни динӣ таҳриф ва ё умуман, аз эътибор соқит дониста мешавад, ки ин худ хатари калонро дар ҳамаи самтҳои ташаккули ҷомеа эҷод менамояд.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқи ҷиноятӣ бошад, экстремизми динӣ зоҳиран дар намуди кирдор (аломатҳои объективӣ ва субъективии худ), ки ба паҳлўҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар мерасонад ё хатари расонидани зарар ба миён меояд, ба ҳисоб меравад. Сарчашмаи асосии пешгирии ифротгароии динӣ бояд шиори зерин гардад: моддаи 1 Эъломияи ҳуқуқи аҳли башар ҳар як инсон озод ва баробарҳуқуқ таваллуд мешавад. Дар як вақт бо дарназардошти таълимоти дини мубини Ислом, ки ба шахси дигар бе зарурият расонидани зарарро манъ менамояд, ба ягон нафар бартарият доир ба эътиқод дода намешавад, ҳар як шахс мустақилона ин масъаларо ҳал менамояд, яъне дахолат кардан манъ аст.

Темиров Комронбек – муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like