Аҳдшикании Қирғизистон

Амалиётҳои аҳдшиканонаи ҷониби Қирғизистонро ҳамаи аҳли ҷамоати Тоҷикистон, зиёиён, мардумони касбу кори гуногун, кулли шаҳрвандони Тоҷикистон маҳкум менамоянд. Зимни вохўрии сарони ду ҷониб ба мувофиқае омаданд, ки комиссияи доимӣ оид ба демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад кори худро идома медиҳад, мутахассисони топографӣ фаъолияташро суръат мебахшад ва масъалаи сарҳадӣ ҳар чи зудтар ҳалли  худро меёбад. Дар ҳамин вохўрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки оташбас эълон карда шавад, аммо мутаассифона ҷониби Қирғизистон талаботи оташбасро риоя наменамояд. Онҳо аввалин шуда қонуну фармону созишномаҳои баимзорасидаро вайрон мекунанд. Ба он нигоҳ накарда, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва оташбас эълон намуданд, ҷониби Қирғизистон қавонини ин оташбасро дағалона ва бо анҷоми ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ вайрон мекунад. Ҷониби Қирғизистон худсарона ба муташанниҷ гардидани вазъи сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя мусоидат карда истодааст. Ҳудсарона босуръат мусаллаҳ шуда истодааст. Силоҳҳои замонавии ҷангиро харидорӣ менамояд. Чуноне, ки расонаҳои иттилоотӣ хабар медиҳанд, Қирғизистон аз кишвари Туркия таҷҳизоти нави парвозкунандаи бесарнишинро (ТПБ) харидорӣ кардааст. Ба ҷанги навбатӣ омодагӣ мебинад, ки ин раванд ҷониби Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.

Тибқи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ амалҳои сершумори  вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби таҷҳизотҳои парвозкунандаи бесарнишини (ТПБ), ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, дар фазои ҳавоии шаҳрҳои Конибодом, навоҳии Д еваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Лахш, Рашт ва Мурғоб,  инчунин дидбонгоҳҳои сарҳадии «Ростровут», «Муряк» ва «Нуробод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида гардид. Тоҷикистон чунин амлҳои дасисаангезу ғаразноки ҷониби Қирғизистонро ҳамчун дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва суиқасд ба давлати соҳибистиқлол меҳисобад.

Як чиз мусаллам, ки кишвари ҳамсоя ҳаргиз хостори сулҳу субот дар минтақа намебошад, зеро ҳар бор худсарона қарордоди дуҷонибаро вайрон карда, вазъро ноором месозад. Ҷониби Қирғизистон ҳаргиз ҷонибдори бо роҳи дипломатӣ ва усулӣ ҳаллу фасл намудани масъала нест ва мехоҳад танҳо бо роҳи низоъ ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созад.

Умедворем, ки ақли солим ғалаба мекунаду қазияи мазкур бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушуниди созанда ҳалли худро меёбад.

Ёқубов Ҷ. – Устоди ДДҲБСТ

You might also like