ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи терроризм ва экстремизм, ки падидаи номатлуб аст, диққати ҷиддӣ дода, дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Дар ҳақиқат имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Зеро ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад.Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Оқибати экстремизм терроризм аст. Аҳли ҷомеаи мо бояд як чизро дарк намояд, ки ин ҳарду падида комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бояд ҳатман назари ҷомеаи кишвар бошад – ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
Вазифаи асосии мо омӯзгорон бояд дар қалби ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул ва тарбия намоем.
Бояд ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисоди ва фарҳангии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Дар қалби насли наврас ва ҷавон ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкориро ҷой намоем. Сулҳеро, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард ва нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад, ба мо зарур аст, ки чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бубандем, дар муқовимат бо афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро нотинҷ созад.
Мо бояд ҳама, пиру барно, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар бошем.
Негматова М. М.- н.и.п., дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ