Маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб

Барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақазо мекунад. Мо бояд эҳтирому карданро ба қонун омўзем, аз чаҳорчўбаи Конститутсия берун набароем, ки қонуну қонуният мизони воқеии зиндагӣ, пойдевори ҳаёти ҳаррўза ва низоми ҳамешагии давлатдории мо гардад.

Шароити ҷаҳонишавии имрўза ва афзун гардидани хавфу хатари терроризм ва экстремизм  зарурияти таҳкиму ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихиро ба миён овардааст.  Дар ин раванд андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ хело муҳим  ва ногузиранд, ки натиҷаи онҳо ҳарчи бештар барои таъми­ни амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона гарданд.

Фаъолият дар соҳаи муқовимат зидди ҷинояткорӣ ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа низ ниёз дорад, зеро  ҷиноят ба муҳити маънавии ҷомеа зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд “Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.

Бо мақсади пурзўр намудани фаъолият дар ин самт ҳанўз  аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат барои мубориза бо терроризм, ифродгароӣ, коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Лекин, қувваҳои моҷароҷў аз амалҳои зишти худ пурра даст накашидаанд. Мувофиқи маълумоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо, дар 5 соли охири фаъолият 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Бинобар ин, барои беҳтар намудани сатҳи риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, тақвияти мавқеи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия, Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткорӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баррасӣ ва ҳалли одилонаи арзу шикоят ва муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, бартарияти чораҳои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ  дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоте, ки фаъолияти опреративӣ-ҷустуҷўиро амалӣ менамоянд, беҳтар кардани сифати ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни ҳамдигар, инчунин бо мақомоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил ногузир мебошанд.

Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳли  ҷомеа дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва ниҳоят таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Фаъолияти мақомоти номбаршуда дар роҳи тарғибу ташвиқоти қонунҳо, ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо оиди пешгирии ҷиноят, дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва оқибатҳои он бештар мақсаднок аст ва набояд сарфи назар карда шаванд. Барои иҷрои бомувафақияти вазифаҳо оиди саривақт ва пурра ошкор кардани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ содир карда на танҳо дониши ҳуқуқӣ, инчунин интизоми қатъӣ ва намунавии хизматӣ,  истифодаи самараноки услубҳои пешқадам, такмили шаклҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият, татбиқи воситаҳои илмӣ-техникӣ ногузир ва ҳатмӣ мебошанд.

Ҳангоми пешбурди парвандаҳо ё баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он кӣ дар кадом асос роҳ дода шудааст, қатъиян ва набояд иҷозат дода шаванд, масъулияти муқаррарнамудаи қонун сарфи назар  нагардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, саривақт бекор карда шаванд. Яъне, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва рўҳию равонӣ, маҳорати касбӣ ва таъмини волоияти қонун, инчунин барои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд, ки чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи донишу тахассуси  мутахассисон, пешбарӣ кардани ҳуқуқшиносони пуртаҷриба ба ишғоли вазифа, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар фаъолияти судяҳо, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои муассир амалӣ шаванд.

Ҳамин тариқ, худшиносӣ ва худогоҳии ҳар фарди ҷомеаи мо аз шаҳрвандон то шахсони мансабдор дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувият ва сирати миллиро таҳким мебахшад. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури ҳар фарди ҷомеа то сатҳи ба замони муосир мувофиқ ва дар руҳияи масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар роҳи  ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намояд.

   

Қурбонназаров Б.асистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like