АҲДШИКАНОН

Қирғизистон ягона давлати аҳдшикан дар Осиëи Миёна мебошад, ки иҷроиши  қарордодҳои ба тавсибрасидаро бо кишварҳои ҳамсояааш риоя намекунад.

Мувофиқи изҳороти Раëсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафовуқоте, ки тибқи Протоколи рақами 42 санаи 26 уми сентябр иҷро шуда буд ҷониби Қирғизистон қарордодро вайрон сохтан мехоҳад. Ва кӯшиши дубора барангехтани иғвоангезиву аҳдшиканӣ дар минтақаҳои наздисарҳадиро дорад.

Баъзе аз шаҳрвандони алоҳидаи иғвогари Қирғиз амалҳои ноҷавонмардонаи худро барои ноором сохтани вазъ дар сарҳад ба роҳ мондаанд. Аз ҷониби онҳо сохтани пинҳонгоҳҳои оташфишонӣ, кандани ҳандақҳо, овардани техникаи вазнини ҳарбӣ ба наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ва ҳар дафъа вайрон намудани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Низомиëни қирғиз барои амалӣ намудани нақшаҳои пинҳонкоронаи худ тез-тез машқои низомӣ гузаронида истодаанд. Аз ҳамон лаҳзае, ки қарордод имзо намуданд то инҷониб чандин ҳолатҳои ташвишовари онҳо аз ҷумла найрангбозиву нақшаҳои иғвоангезонаашон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чанд ҳафта пеш Қамчибек Тошиев раиси КДАМ-и Қирғизистон барои харидории ҳавопаймои бесарнишини “Байрақтар” ба Туркия сафар карда буд, ин амали ӯ бесабаб нест шояд барои ҳамлаи навбатӣ омодагӣ мебинад. Дар ин росто гумонҳои бад зиëд аст, чаро, ки ҳар бор ин ду роҳбари Қирғизҳо ба Туркия сафар мекунанд амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо дар сарҳади мо ба вуқуъ мепайванданд.

Ҳатто Садир Ҷапаров чанд рӯз пеш дар Федератсияи Русия ҳамроҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сари мизи мудаввар оиди мушкилоти марзӣ нишаста буданд. Ва аз Валадимир Путин талаб кард, ки мушкилоти марзиро ҳал намояд. Аммо Садир Ҷапаров дар сухан яку дар амал аҳдшикану ноуҳдабаро мебошад. Бо Садир Ҷапаров ва Қамчибек Тошиев бастани қарордод бефоида мебошад, зеро аз ин ду роҳбари аз зиндон раҳо шуда ҳеҷ умеди сулҳ бастану бартараф намудани мушкилоти марзӣ нест.

Мо бояд ин амалҳои ноҷавонмардонаи Қирғизро ки пайваста барои ноором сохтани вазъи саҳад нигаронида шудаанд ба инобат гирифта ҳушëриву зиракиро аз даст надиҳем.

 

Рауфзода А.Ҷ.-Ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like