МАҚСАДИ МО ЗИНДАГИИ ОСУДА АСТ

Мутаасифона баъзе аз сокинони кишвари мо дар хориҷи кишвар қарор гирифта, фазои кишварамонро вобаста ба ҳаводиси байни марзии Тоҷикистону Қирғизистон нодида гирифта, вокуниши манфӣ нишон дода, дар сомонаҳои Интернетӣ ба паст задани шаъну шарафи Ватани худ машғул шуда истодаанд. Ҳоло он, ки онҳо шаҳрванди Ҷумњурии Тољикистон буда, Ватани онҳо низ Тоҷикистон мебошад.

Дӯстӣ аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъона ва дилпурона ҳаёт ба сар мебаранд. Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст,ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад. Фазои сулҳу суботи комил, оромиву осудагӣ ва Ваҳдати миллӣ, дар қаламрави мамлакат аз тарафи шаҳрвандон бо шукргузорию қаноатмандӣ қабул гардидааст.

Пӯшида нест, ки наслҳо дар ҳаёт ҳама паси ҳамдигар омада мераванд, аммо дӯстӣ робитаест, ки мисли моҳу хуршед дурахшон пояндаву абадист ва ҳамеша дурахшу партавафшон мемонад.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо мардуми қирғиз ҳамсарҳад ва робитаи дӯстӣ доштанд. Ин дӯстиву рафоқат буд, ки ин ду халқ ба тиҷорат машғул шуда ба кишварҳои ҳамдигар рафтуомад доранд.

Муноқишае, ки бо сабаби тақсимоти ҳудудӣ дар байни шаҳрвандони вилояти Суғд, бахусус ноҳияи Исфара, ҷамоати Ворух ва Куктош, Оқсай-Тамдиқ рух дод, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Љумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо нафар шаҳрвандони Љумҳурии Қирғизистон захмдор шуда дар беморхона бистарӣ шуданд. Ин аз тангназарии баъзе афродест, ки дўстию рафоқати ин кишварҳоро намехоҳанд ва миллати қирғизро бар зидди миллати тољик бархезондааст.

Ин воқеа боиси нигаронии мардуми осоиштаи ду кишвар гардид. Ҳамаи мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз он ҷумла устодони донишгоњ бетараф намонданд.

Бояд қайд намуд, ки тоҷикон бо фазилату дониш ва кордониву маърифати баланди инсонӣ исбот намуданд, ки онҳо ворисони арзандаи Сино ва Айнии бузургворанд. Онҳо намояндагони он миллати воломақоманд, ки сулҳу салоҳ ва оромии кишвари, онҳо арзиши воло доранд. Вале мутаасифона бархе аз «ватандор» худро «дилсузони»-и Ватан эълон намуда, мехоҳанд тавассути дини мубини ислом ин осудагии Ватанро халалдор созанд.

Мутаасифона дар бисёр мавридҳо шоҳиди бемаданиятӣ ва рафтори ношоистаи наҳзатиҳо мегарданд ва муҳоҷири бегуноҳ барои рафтори ношоиста ва инсону шурандозиҳои «ҳамватан» ба Ватан интиқол мегардад. Ин нақшаи пешакӣ таҳия намудаи наҳзатиҳост, зеро мақсади онҳо яктост. Низоандозӣ байни сокинони мамлакати озоду ободи тоҷикон.

Чунин шахсон бо эҳсоси таҳмилгардида ба ҷуз «фикри» худ дигар чизеро шунидан ва эҳсос намудан надоранду нисбат ба меҳан ва миллати худ амали душманона ва хиенаткорона раво мебинанд.Чуноне ки шоири бузург гуфтааст:

Аз хиёнатгарист бадномӣ,

Ва-аз бадӣ бадсаранҷомист.

Маънии калимаҳои давлат, миллат ва ҷомеъа васеъ ифода ёфта, баёнгари сарҷаъмии онҳо барои ҳар як намояндаи ин ё он миллат арзёбӣ мегарданд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз мансубият ба миллату дин, нажот, мазҳаб ва забон баробарҳуқуқ буда, дар ҳудуди кишвар шароити зиндагии арзанда барои ҳаммаи онҳо фароҳам оварда шудааст.

Мо устодони донишгоњ боварӣ дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари оқили худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи мубрами рӯз бо роҳи гуфтушунидҳои тарафайн ҳаллу фасл хоҳанд намуд.

Мо итминони комил дорем, ки ин ду халқи бузурги тоҷик ва қирғиз байни ҳамдигар дӯстиву рафоқатро барқарор намуда, зиндагии осударо барои худ шоиста меҳисобанд.

Албатта ончое, ки хиёнат ба Ватан, бадӣ ва бадномӣ аст онҷо халқ сарсону саргардон аст. Боиси нигаронист, қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои милливу давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намуда, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азиз монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эчод намуда истодаанд. Нақши фард дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа басо муҳим аст ва тақдирсоз аст. Қаҳрамониҳои бемисли Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик ва даҳњо намояндагони миллати мо метавонанд барои ҷавонон раҳнамову ифтихор бошанд. Касе, ки Ватанашро чун Пешвои миллат дўст медорад, шиори «Ватан маро чу ҷону тан»-ро дар мадди назар хоҳад дошт. Шахси ватандўст ҳаргиз ба хиёнат нисбат ба халқу миллати хеш даст намезанад, зеро Тоҷикистони муқаддас сарзамини мардони бузургу зодгоҳи шоирони тавоно, як гўшаи биҳиштмонанди замин аст.

 

Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва ТК

You might also like