ҲНИ ҲАМЧУН ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ
Давоми даҳ-понздаҳ соли охир сиёсї кардани ислом ва бо сиёсат омезиш додани дин сатҳи ифротгарої ва тундгароии динӣ-мазҳабиро миёни насли љавон ва миёнсоли тољик боло бурд, то љое ки имрӯз ҳам дар донишгоҳҳо ва пажўишгоҳҳои тадқиқотї нуфузи ҳурофоту љаҳолати диниро метавон ба хуби мушоҳида кард. Пайомадҳои хатарбори љанги шаҳрвандї ба унвони таљрибаи сиёсї дар сохтмони давлати миллї ва ба вуљуд овардани муҳити солими муоширати мардумї кўмак намуданд. Вале чуноне имрӯз хам мушохида мекунем, гуруҳе ошкору ниҳон ҳузури динро дар сиёсати миллї зарур медонанд. Таљрибаи башарї гувоҳи медиҳад, ки дар ҳељ сурат ва ба ҳељ ваљҳ, наметавон дин ва сиёсатро омезиш дод ва барои пиёда сохтани манофеи инфиродї ва гурўҳї корбаст кард.
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ низ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайрави мазҳаби ӯ мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, онҳоро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.
Собиқ ҲНИ низ худро дар назди мо љавонон ҳамчун ҳизби тафриқагар ва душмани халқи тољик муаррифї намуд. Гарчанде дар фаъолияти худ озод ва пайравони худро дошт ба ин нигоҳ накарда аз гумроҳии баъзе љавонон сўистифода намуда, мақсадҳои ѓаразноки худро амалї намуд.
Агар будани чунин ҳизб зарурат медошт, давлатҳое, ки пештар аз мо Исломро қабул карда буданд, магар наметавонистанд чунин ҳизб таъсис диҳанд. Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо дигар ном рақобати сиёсӣ намоянд. Аз он рӯзе, ки ҲНИ-ро медонам дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шуру валвала ва фисқу фасодро тавъам мебинам. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон ва якпорчагии он масъалаи аз ҷониби Федератсияи Россия расман эътироф гардидани фаъолияти ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористиву эктремистӣ ба маврид мешуморам.
Бобоев А.Х. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ н.и.ҳ., дотсент