БО РОҲИ ГУФТУШУНИД- ҲАЛ НАМУДАНИ МАСЪАЛАҲОИ МАРЗӢ

Вақтҳои охир дар сарҳади ҳамсоякишварамон, яъне Қирғизистон бесарусомониҳо мушоҳида гардид, ки натиҷа фавти одамон гардид. Ҳол он ки ҳалли гуфтушуниди масъала вуҷуд дорад. Баҳси намояндагони ду кишвар Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар ҳисси эҳтиром ба таърихи гузаштаи ҳар сокини баору номуси миллатро боло гузошт. Дар муносибат ба Ворух ва Чоркўҳ баён гардид, ки бори дигар ҳақиқати таърихии яке аз сарзамини куҳани Тоҷикистон будани ин марзу бумро собит мекунад.

Ба фикри мо, ин фоҷиа тибқи нақшаи зархаридони хориҷӣ мебошад, ки бо кўмаки молиявӣ ба ҳар баҳона мардуми камбизоати наздисарҳадиро ба ошўб бармехезонад. Тафриқаандозони хориҷӣ бо кўмаки молиявии хоҷагони худ тинҷиву оромии кишварро намехоҳанд, мехоҳанд монанди кишварҳои дигар, ба монанди Қазоқистону Украина низоъ ба амал ояд. Мақсади асосии онҳо ба гирдоби ҷанг кашидан мебошад. Лекин мардуми тоҷик «мўйро аз хамир ҷудо карда метавонад». Замонаҳои карахтӣ гузашт.

Ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна маълумотҳои бардурўғро паҳн менамоянд. Лекин аз хотир набояд баровард, ки халқи тоҷик дар таърихи худ забткор набуд ва ба ягон миллат харобӣ наовардааст.

Ҳодисаҳои наздисарҳадӣ собит намуданд, ки мардуми мо бо баҳои ҷон омода ҳастанд, ки ҳар ваҷаб хоки Ватани худ, мавқеи давлати худ ва Пешвои миллати худро ҳимоя намоянд.

Махсусан ҷавононро ин ҳодисаҳои хунин бояд бедор кунад. Ҷавонон бояд дуруст дарк намоянд, ки ҳифзи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Хизмат ба Ватан ин шараф ва собит намудани ҷавонмардӣ аст.

Имрўзҳо ҷавононро даъват ба амал меорем ва мегўем, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан содиқона хизмат намуда, аз ҳар гуна иғвогарону ҷангҷўён ҳар як ваҷаб хоки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Ба шарофати Истиқлолияти кишвар имрўзҳо Тоҷикистон устуворона ба пеш қадам мезанад, дорои иқтисодиёти пешрафта, нерўи зеҳнию ақлӣ ва иқтидори бузург аст. Ҳар гуна тўҳмату бўҳтон, ҳамсояи сиёҳкор ва душманони халқу миллат наметавонанд давлати абарқудрати моро шиканад ва дар назари оламиён бадном кунад.

Поянда бод ваҳдату ҳамдилӣ! Ҷовидон бод суботу оромӣ!

Азимова Н.С. – н.и.п., дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like