ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БАҲРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шуда, зина ба зина амалӣ карда шавад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар собит мекунад, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, тадбирҳои зиёде ба тасвиб расид, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Зеро тарбияи насли наврас, махсусан, ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба шумор рафта, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тамоми давлатҳои дунё ба он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон нақш ва мақоми ҷавононро дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг муҳим арзёбӣ намуда, чунин таъкид намуданд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар самти тарбияи миллӣ ва инчунин, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.

Таҳкурсии ҳуқуқии таҳкими санадҳои меъёрӣ оид ба тарбияи насли созандаю бунёдкор, иттилоотикунонии ҷомеа ва самтҳои идоракунии таъсири он баҳри тарбияи солими насли ҷавон, амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, нақши озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» ва «Илм – фурӯғи маърифат» дар тарбияи ғоявӣ, миллӣ, ахлоқию маънавӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, гуманистӣ, зебоипарастӣ, иқтисодӣ, инчунин, асосҳои иқтисодии тайёр намудани сармояи инсонӣ дар низоми тарбияи насли наврас ва ҷавонон маҳсуб ёфта, баҳри рушди фарҳангу маданияти миллӣ, таърих, забон, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлат ва ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амалӣ намудани онҳо дар Консепсияи миллии тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонуну ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулитшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила аст.

Таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол вусъат пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди давлат барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон равона гардида, афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва баромади аксари онҳо дар руҳияи худогоҳона  гувоҳи он аст.

Ҷавонон низ дар қатори дигар табақаҳои ҷамъиятӣ эҳсос намуданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад, ки кишварро ба сӯи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад. Танҳо таҳлили ҳаёти ин чандсолаи ҷавонон бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рӯзгори насли ҷавони кишвар падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастанд.

Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Вобаста ба ин ҷавонони моро зарур аст, ки бештар ба талаботи ҷомеаи муосир тафаккур ва марому мақсади хешро мувофиқ намуда, ҷиҳати фарогирии донишҳои технологии ҷадид, забонҳои хориҷӣ, омӯзиши компютер ва бархурдорӣ аз дастовардҳои илму техникаи нав саъй намоянд. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем, ба ин насли ояндасоз ҳамчун мутахассисони замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир такя намоем ва аз онҳо тадқиқоту ихтироот, дастовардҳои тозаи касбӣ, адабиву эҷодӣ ва амалӣ интизор бошем.

 

Охунҷонова Н.Р.- н.и.ф., дотсент, нашриёти «Дабир» ва маљаллаи «Ахбори ДДҲБСТ»

You might also like