САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАР

Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд.

Таърихи тамаддун ва дастоварҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси  рушду пешрафти ҳар кишвар аст. Азбаски насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерӯи демократии давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад.

Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки ватандӯст будан ин ҷон супоридан барои Ватан аст. Албатта, ин андеша дуруст аст. Беҳуда ҳам нагуфтаанд, ки ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман, амале, ки манфиатовар бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан басанда аст, ки зараррасон набошад. Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Албатта, бо Ватан ифтихор кардан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, аз рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ҳам ифтихор кунад.

Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки он Тоҷикистон аст.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.

Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.

Бори дигар итминон ҳосил намудам, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар симои ҷавонони далеру шуҷои худ фарзандонеро дорад, ки баҳри пешрафту саодати он ба ҳама чи таёранд ва дар пастиву баландии зиндагӣ аз худ ҷасорат нишон дода метавонанд. Дар воқеъ имрӯз давлату ҳукумат ҳама чизро барои рушду пешрафти ҷавонон муҳайё  кардааст, ки ин ғамхориҳо ҷавононро рӯҳбаланд намуда, барои кӯшишу ғайрати онҳо, ҷиҳати хизмат ба Ватан-Модар мусоидат мекунад.

 

Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like