Кӯзапуштро қабр ислоҳ мекунад!
Пас аз мутолиа ва тамошои хабарҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, хислатҳо ва рафтори ин шахси ночиз боиси нафрат мегардад.
Дар ҳоли ҳозир Муҳиддин Кабирӣ ва шарикони ӯ, аз ҷумла М.Садриддин бо истифода аз тамоми таҷрибаҳои дар тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ андӯхта, талош доранд афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро бар зидди роҳбарият ва ҳукумат душман кунанд. Онҳо вонамуд мекунанд, ки гӯё камбудиҳои мавҷудаи ҷомеаи моро ислоҳ мекунанд ва роҳи халосӣ аз бунбасти кунунии кишварро нишон медиҳанд.
Ҳадафи аслии онҳо аз роҳандозии ин лоиҳа бозгашт ба арсаи сиёсии кишвар, фароҳам овардани фазо дар дохили кишвар ва ҷалби таваҷҷӯҳ ва кӯмаки ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ мебошад, аммо ин калимаҳо ва ҳадафҳо густариши ҳамон ормонҳои дар боло зикршуда мебошанд.
Ҳангоми тамошои филми Хиёнат қисми 7, ҳама ба хулосае меоянд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин қаллоб, фиребгар, хоин ва мунофиқ аст.
Боварӣ дорем, ки пас аз хондани мақолаҳо онҳое, ки паёмҳои видеоӣ ва баромадҳои Муҳаммадикболро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунанд, ба хулосаи дуруст хоҳанд омад ва дигар сафсатаи ӯро дастгирӣ нахоҳанд кард.
Муҳамадиқболи Садриддин яке аз хоинони давлату миллати тоҷик ки аз хориҷа истода номи давлату миллати тоҷикро бадном мекунад. Ў бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ки мақсади онҳо паст задани ватани азизи мо аст ва мехоҳанд ки Тоҷикистонро ба давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ баргардонанд. Айни ҳол Муҳаммадиқбол бо истифода аз дину оин ва суханҳои бардурўғи худ мехоҳад ба мақсадҳои ғаразонаи худ бирасад. Маҳс ин гуна шахсон дини мубини ислом ва китоби муқаддаси Қуръонро бо суханҳои бардурўғи худ дар чашми оламиён бадном мекунанд. Мо имрўз бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба суханони чунин хоинони ватан дода нашавем. Онҳо истифода аз номи Қуръони карим ва дини мубини ислом аз хориҷа истода бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд ватани моро бадном кунанд ва ба яке аз давлатҳои ҷанг дида ба монанди ҳамсоя кишварамон Афғонистон табдил диҳанд.
Бар замми ин бо роҳи фиребу найранг тасарруф намудани маблағҳои одамон ин шаҳодати ғайриинсонии ин инсони худозадаро мефаҳмонад ва дар асосӣ қонунҳои амалкунанда бояд ба ҷавобгарӣ кашида, ҷазо дода шавад.
Қўзибоева Б. М. –дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ