ҲИЗБИ НАҲЗАТ ВА КАБИРӢ ДУШМАНИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ АСТ
Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти имрӯза шахсоне, ҳастанд ҳамавақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дид надоранд.
Дар бораи миллату халқ ва сӯҳбати Кабирӣ дар сомона ба нашр расидааст хондам ва ба додаи ин шахс ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки инхел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.
Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, бевосита аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.
Кабирӣ аз ҳамин шахсон, ки берун аз Ватан истиқомат мекунад ва ободӣ ва осоиштагии халқи тоҷикро чашми дид надорад. Худ бо ҳамроҳи авлодаш дар шаҳрҳои бузурги Аврупо ҷой гирифтааст ва маблағҳои гирифтааш зиндагӣ мекунад. Ҳадафи ин беимону номард вайрон намудани фикру андешаҳои ҷавонон ва зиёд намудани гурӯҳи худаш мебошад.
Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои душманони миллат диққат диҳем, балки ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем.
Дадоматов Д.Н. – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ