ТЭТ ҲНИ – ДУШМАН АСТ

Ҳарчанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнўъ ва террористӣ эълон дошта буд, то кунун роҳбарияти он дар хориҷӣ кишвар мекўшад, то ҳар чӣ амнияти Тоҷикистонро халалдор намояд. Сарварони ин се созмони дигар низ дар хориҷӣ кишвар мебошанд. Пас чунин ба назар мерасад, ки гарчанд фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон боздошта шудааст, вале роҳбарият ва пайравони он имрўз низ дар хориҷӣ кишвар амалиёти худро идома медиҳанд ва бо эътирофу изҳоротҳои нав ба нав нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти кишвари моро халалдор месозанд.

Аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаи неку созанда мусоидат кардаанд.

Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли чоряк аср ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву ҳодисабозиҳои ихтилофи душманони миллат барои дубора ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.

Онхо дар хориҷӣ кишвар қарор гирифта мехоҳанд халқу миллатро боз ҳам ба ҷангу хунрезӣ бикашанд.

Мардуми ҳушёру зиракӣ халқи тоҷик бошад хуб медонанд, ки оқибати ҷангу хунрезии солҳои 90-ум Ватанро ба чӣ ҳолат оварда буд, ки аз он бағайр аз сарсони ва хонавайронии мардуми заҳматкаши тоҷик дигар чи набуд.

Акнун халқи азими тоҷик бо донишу малакаи зиёд аз чунин шахсони фиребгару қаллоб, ватанфурўш ҷои фиреб хўрдан, гумроҳ шудан нест.

Имрўз мо насли даврони Истиқлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш барем ва барои насли оянда давлати пуртиқтидори зеҳниву донишвар, фарҳандўсту фарҳангшинос бо обрўву эътибори хоса дар байни давлатҳои ҷаҳон  боқӣ мегузорем. Бигзор давлати тоҷикон то абад зинда бошад.

Дадоматов Д.Н., д.и.и., дотсент мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like