ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАР ВА ҶАВОНОНИ ОЯНДАСОЗ!

«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Воқеан ҷаҳлу нодонӣ, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиву тундгароиҳост, боиси нооромии ҷомеа ва сарсонию бадбахтиҳои мардум мегардад, ки ин бехирадӣ ва носипосии нобахшиданӣ нисбат ба Офаридагор буда, косаи заҳр барои ҳар хонадон аст. Носипосӣ – худоношиносист! Доғи халқу миллат ва сарчашмаи бадбахтиҳои давлат мебошад.

Њодисаҳои охире, ки дар баъзе манотиқи мусулмоннишини ҷаҳон рух доданд, барои ҷавонони соҳибақл, дурандеши ҳамватан як дарси ибрат аст. Таърихи башарӣ дар робита ба нифоқҳои дохилӣ собит кардааст, ки касе ё дастае бо мунофиқию ҷудоандозии мардуми худ ба мурод нарасидааст. Зеро ин душманӣ аст ва душмани бадкеш ҳаргиз ба мақсад намерасад.

Ҷои пӯшида нест, ки баъди имтиҳонҳои шадиди таърих барои ба ин рӯзи нек, оромиву, осудагӣ расидан чӣ кадар фарзандони ба ору номуси мо ҷони худро курбон карданд, чи кадар хорию залилӣ дидем. Хайр аст, ки ба бахти мо офаридагор бароямон чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- пешвои инсонпарвар, дурандешу ботадбиреро раво дид.

Маҳз ҳамин сифатҳои сарвари ҷоннисору адолатпешаамон миллати моро аз вартаи ҳалокату парокандагӣ раҳонид ва ба ваҳдату сулҳ роҳнамун сохт. Мо мушоҳида мекунем, ки сатҳи маърифати ҷавонон сол аз сол боло рафта, онҳо дар сафи пеши фарҳанги миллӣ қарор доранд. Тибқи омори расмӣ зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманд бо сармояи давлатӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил доранд. Сохтмони мактабҳои нав низ дар омода намуда ҷавонони бо таълиму тарбия ва дорои ҳисси меҳанпарастӣ саҳми назаррас гузошта истодааст. Ҷавононро мо ба меҳнати ҳалол, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ҳурмати волидайн даъват менамоем. Бигзор ҷавонон ҳамеша барои ободии кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгири иҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Устодони Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои халќу давлати худ ҳиссаи арзишманд гузоранд. Устодони донишгоњ тарбияи ҷавононро дар руҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар мегарданд.

 

Раҳмонова Н. Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва ТК

You might also like