ТЭТ ҲНИ –ТАФРИҚАГАР ВА ДУШМАНИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Давоми даҳ-понздаҳ соли охир сиёсӣ кардани ислом ва бо сиёсат омезиш додани дин сатҳи ифротгароӣ ва тундгароии дини-мазҳабиро миёни насли ҷавон ва миёнсоли тоҷик боло бурд, то ҷое ки имруз ҳам дар донишгоҳҳо ва пажўишгоҳҳои тадқиқотӣ нуфузи ҳурофоту ҷаҳолати диниро метавон ба хуби мушоҳида кард. Пайомадҳои хатарбори ҷанги шаҳрвандӣ ба унвони таҷрибаи сиёсӣ дар сохтмони давлати миллӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити солими муоширати мардумӣ кўмак намуданд. Вале чуноне имруз хам мушохида мекунем, гуруҳе ошкору ниҳон ҳузури динро дар сиёсати миллӣ зарур медонанд. Таҷрибаи башарӣ гувоҳи медиҳад, ки дар ҳеҷ сурат ва ба ҳеҷ ваҷҳ, наметавон дин ва сиёсатро омезиш дод ва барои пиёда сохтани манофеи инфиродӣ ва гурўҳӣ корбаст кард.
Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ низ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайрави мазҳаби ӯ мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, онҳоро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.
Собиқ ҲНИ низ худро дар назди мо ҷавонон ҳамчун ҳизби тафриқагар ва душмани халқи тоҷик муаррифӣ намуд. Гарчанде дар фаъолияти худ озод ва пайравони худро дошт ба ин нигоҳ накарда аз гумроҳии баъзе ҷавонон сўистифода намуда, мақсадҳои ѓаразноки худро амалӣ намуд.
Агар будани чунин ҳизб зарурат медошт, давлатҳое, ки пештар аз мо Исломро қабул карда буданд, магар наметавонистанд чунин ҳизб таъсис диҳанд. Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо дигар ном рақобати сиёсӣ намоянд. Аз он рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонам дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шуру валвала ва фисқу фасодро тавъам мебинам. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ-ро ҷонибдорӣ менамоям.
Бобоев А.Х. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ