ҶАВОНОН-ОЯНДАСОЗОНИ МИЛЛАТ

Тоҷикистон аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷӯҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷонони Тоҷмкистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доира таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буд.

Ин иқдоми наҷиб ҷавонони кишвари моро ба фаъолиятҳои бештар ва иқдомоти шоиста баҳри рушду нумӯи Ватани худ таҳрик дод, ки аз оғози соли 2017 то инҷониб дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайваст. Зеро таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ҳар яки онҳоро водор менамуд, ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани худ саъю талоши бештар намоянд. Тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22-юми декабри соли 2016 зикр гардида буд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ҳамин аст, ки ҳоло ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар сафи пеши ҷамъият қарор доранд. Бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ онҳо баҳри Ватани худ ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва хушбахтию саодати халқ саъю кӯшиш доранд. Имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаву саиди миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҷавон иқдом гирифтаанд, ки дар рушду ободонии гӯшаҳои диёр саҳми босазо гузоранд. Тавре ҳамагон аз тариқи воситаҳои ахбори омма иттилоъ дорем дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҷавонони ба ору номуси кишвар иншооту корхонаҳои мухталифи хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, барои даҳҳо тан сокинон ҷойҳои корӣ фароҳам мегарданд.

Боиси хушнудист, ки дар баробари илму донишандӯзӣ ва фаъолияти назаррас дар корҳои ҷамъиятӣ насли ҷавонро дар ҳайати маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ низ мебинем. Дар сафи чунин маҳфилҳои сатҳи ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷавононро мебинем, ки дар баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, аз ҷумла дар мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайраҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд. Имрӯз баръало эҳсос мегардад, ки ҷавонон дар масири пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ки: «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла дар нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

Феълан, ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтиҳор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд.

 

Маҷидова Д.И. – дотсенти кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like