ПЕШВОИ МИЛЛАТ –ҲИМОЯТГАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Таърих гувоҳ аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои ба сари ҳокимият омадани худ барои якпорчагии миллат, инкишоф ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва ба даст овардани шароити фароҳам барои мардуми миллати тоҷик сайру талошҳои  зиёде намудааст.

Барои миллати тоҷик солҳои 90-ум Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ гашт, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Хушбахтона аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин марди далер пайдо шуд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Пешвои миллат дар вазъияте ба сари ҳокимият омад, ки мамлакат дар он солҳо дар оташи ҷанг қарор дошт. Бо шарофати мардонагӣ ва далерии ин марди бузург хатари ҷанг бартараф гардида, ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Мардуми фарҳангдусту саодатманди Тоҷикистон давраи озмоиши сахту сангинро таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона паси сар намуда, барои бартараф кардани оташи ҷанг заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо вазнинро мардонавор таҳаммул намуданд. Мардуми тоҷик- меҳнаткашон, пиру барно, падарону модарон, хусусан ҷавонони ғаюру ватандӯст дар зери сиёсати оқилонаи ин марди матину қавиирода  Эмомалӣ Раҳмон гирд омада, дар ободониву пешрафти миллати тоҷик муттаҳид гардиданд. Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси бузург ва сулҳпарвар дар шароити мураккаби миллатгароӣ давлатро аз парешонӣ ҳимоя намуд. Метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳимоятгари  миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо саъю кӯшишҳои зиёди пойгирона ба кишвар сулҳу субот овард.

Пешвои миллат қайд менамояд, ки «Сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байнамилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Вазъи  сулҳу субот ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини амнияти миллӣ дар таърихи инсоният яке аз мавзуъҳои актуалии ҳаёти мардум мебошад. Хизмати арзишманде, ки баҳри миллати тоҷик Пешвои миллат анҷом додаанд, ин баргардонидани гурезагону расидан ба сулҳи деринтизор мебошад.

Ҳамагон дар хотир доранд, ки ӯ дар нахустин муроҷатномааш ба мамлакат, аз ҷумла, гуфта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам»

Мардуми бофарҳанги халқи тоҷик итминони комил дорад, ки давлати Тҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амният ва сулҳу субот боз ба қуллаҳои навин шарафёб мегардад.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баландро фатҳ хоҳад кард, зеро роҳи пешгирифтаи ин шахси сиёсӣ роҳест, ки миллати бостонӣ ва тамаддунсози моро дар роҳи расидан ба саодати ҳақиқӣ сазовор хоҳад гардонд.

Боиси қайд аст, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат мардуми сарбаланди мо истиқлоли давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки сулҳу ваҳдати миллиро, ки бо қиммати ниҳоят гарон ба даст омад, гиромӣ дорем ва ба қадраш расем.

 

Марофиева С.Х. -мутахассиси БИМСТ

You might also like