ПЕШГИРИИ ИФРОДГАРОИИ ДИНӢ-ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХРВАНД

Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз сокинони кишвари мо ба ин гуна равишҳо ва ақоиди зиддидавлатӣ нигоҳи худро оиди давлату давлатдорӣ ва дин доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро талқин намояд.

Ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Дар арсаи байналмиллалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Диққати рӯзафзун ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар ақсои олам, хоса дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати Исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат ун-нусра», «Ҷайш-ал-ҳур», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат, хонабардӯшӣ ва фирори садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин, боиси нигаронист, ки ба ин гурӯҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи кашида мешаванд. Мутаасифона байни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Ин аз огоҳӣ надоштан дар мавриди ҳодисаҳои рӯз ва фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ноошно гардидан ҷавононро дар шинохти воқеият раҳгум мезанад.

Тавре таҳлилу омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар чанд соли охир нишон медиҳад, маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифат ҳувияти миллии ҷавононро коста намуда, ҷалби онҳоро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ осон мегардонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб  майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона афзуда, қисми онҳо аз сабаби паст будани сатҳи маънавиёт ба тарғиби ғояҳои ғайр дода шудаанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардидаанд.

Танҳо талошҳои якҷояи мо имконият медиҳанд, ки мушкилоти имрӯзаи ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи худи онҳо тавассути фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба манфиати рушди давлату ҷомеа ҳаллу фасл намоем.

Мо омӯзгорон ин масъаларо ба ҷавонон вобаста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшоният, даҳшатнокии ҷараёнхои тундгароёнро эътироф накарда, худро канор гиранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад.

Тадқиқотҳо гувоҳанд, ки аксаран вақт нафароне барои содири амалҳои террористӣ ҷалб мегарданд, ки ҷавонанду дорои саводи паст ё ин ки умуман, аз таҳсил дур мондаанд. Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд, пайваста дар пайи омўзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошанд ва ҳеҷ гоҳ майли ворид шудан ба ин ё он гурўҳу созмонҳои ифротиро накунанд. Бе шубҳа ин худ як навъ пешгирӣ ва зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки ин гурўҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд.

Мо мардуми тоҷик имрўз бояд шукргузор аз он бошем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ҳаёти осоишта ба сар мебарем ва меҳнату талоши худро пайваста барои андўхтан ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ равона созем ва ҳеҷгоҳ роҳ надиҳем, ки моро барои ворид шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатхое, ки мақсадашон халалдор намудани фазои сулҳу субот барангехтани кинаю адоват, ифротгароӣ ва терроризм аст, ҷалб намоянд, яъне аз ин падидаҳои номатлуби асрхуддорӣ намоем.

 

Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир

You might also like