ИЗҲОРОТ НИСБАТИ СУХАНРОНИИ ОЗАР ВА ОРАЗ НАЗИРБКОВҲО
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ мо шоҳиди он гардидем, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон барои бозпурсӣ омадаанд ва ҳангоми бегуноҳии онҳо аз ҷониби мақомоти қударатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. Худи онҳо иброз намуда истодаанд, ки агар онҳо гунаҳкор доир ба ҳаводиси охири ҷиноятии ВМКБ бошанд, омодаанд ҷазои мувофиқро гиранд.
Вале, то ин изҳороти инҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадхоҳони миллати тоҷик ба ин васила, чанд маводеро нашр намуданд, ки гӯё онҳо аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон рабуда шудаанд, гуё онҳо сад дар сад бегуноҳанд ва ғайраҳо. Мақсади ин хоинони миллат албатта аз ҷавобгарӣ озод намудани ин нафарон нест, мақсади асосии онҳо сиёҳ кардани сохторҳои қудратии Тоҷикистон мебошад.
Вобаста ба ин, онҳоро мебояд, ки то ба охир расидани бозпурсии Озар ва Ораз Назирбковҳо ва баромадани ҳукми Суд, аз онҳо қаҳрамон насозанд ва бо ҳар гуна суханҳои бардурӯғ сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро танқид накунанд.
Зеро имрӯз ҳар амале, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида истодааст, танҳо барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ моро мебояд, ки бо паҳн намудани ҳар гуна маълумотҳои носанҷида ва басос дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба кори мақомотҳои қудратӣ халал нарасонем. Албатта ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ муайян намудани мавқеи шаҳрвандии худро дорад. Вале бояд ба инобат гирифт, ки мавқеъгирӣ набояд дар асоси маълумотҳои беасос ва дурӯғ ба роҳ монда шавад. Бояд донист, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас бе асос ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Саломов Д.Ф. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ