Ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ин нодонӣ ва бесаводист

Санаи 16 майи соли 2022 аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти ВМКБ дар ҳудуди вилоят амалиёти махсуси дастгиркунии аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ гузаронида шуд.

Аз изҳоротҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи мо малум гардид, ки санаи 22-юми май соати 17:30 дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилии ҷинояткорон, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кушта шуд.

Мамадбоқиров Мамадбоқир ба таври ошкоро моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва моддаи 39-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқасдона вайрон карда, дар маҳаллаи «Хоруғи боло»-и шаҳри Хоруғ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода, даст ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, инчунин терроризм задааст. Ӯ бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошт. Аз ҷумла, бо супориши роҳбарони фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бетартибиҳои оммавӣ ташкил менамуд. Мамадбоқиров М.К. аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути Алим Шерзамонов барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, инчунин халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.

Ҳамзамон як қатор роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоии мусаллаҳона ташкил намуданд.

Бо ба ҳисоб гирифтани таҳлилҳои болоӣ гуфтан ҷоиз аст, ки амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар вилоят аз кулли ҷаонон даъват карда мешавад, ки фирефтаи доираи одамони манфиатҷӯи ин гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ нагарданд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки тамоми амалҳои нафарони дар чунин гирдиҳамоиҳои беасосу ғайриқонунӣ ширкатварзанда ҳама худ, аз набудани ҳисси ватандӯстӣ ва надоштани дониши кофии сиёсӣ шаҳодат медиҳад. Бинобар мо гуфтанӣ ҳастем, ки бигзор чунин нафарон пеш аз ҳамроҳ шудан ба чунин гирдиҳамоиҳо, қаблан оқибати онро дуруст дарк намоянд, зеро он нафароне, ки чунин бетартибиҳоро ташкил карда истодаанд, онҳо на манфиати халқи оддиро пеша кардаанд, балки бо мақсади амаликунии мақсадҳои ғаразноки худ фаъолият доранд, ки ин метавонад боиси пушаймонӣ гардад.

Қосимов З. А. –  ассистенти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like