Муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ – мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25 июли соли 2022 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути тайёраҳои мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд. Аз баргардонидашудагон 42 нафарашон занон ва 104 нафарашон кудакон мебошанд, ки тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани занону кудакони тоҷик аз азобу шиканҷа дар мулки ғариб, баровардан аз диёри бегонаи пурғурбат ва ворид кардани онҳо ба ҳаёти осоишта дар Тоҷикистон мебошад, зеро аксарияти ин занҳои оиладор аз кишвари ҷангзадаи Сурия баргардонида шуда, фирефтаи аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гашта ба минтақаҳои ҷангзадаи давлатҳои ДИИШ рафта буданд.
Ин боз аз он далолат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри осоиштагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пайваста сайю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як шарҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии орому осуда дар ватани худ дошта бошад.
Боиси шукргузории ҳар яки мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чунин сарвари ғамхору меҳрубон дорем. Давлатҳои зиёданд, ҳатто давлатҳои ба мо ҳамсоя низ нафароне, ки бо мақсади дар ҷангҳои ДИИШ иштирок намудан аз кишварашон берун шудаанд (хоҳ аз беоогоҳӣ бошад ҳам) онҳоро хоин эълон намуда, баргашта омадани онҳоро ба кишварашон манъ кардаанд. Яъне онҳо ин нафаронро тамоман ба кишвари худ дигарбора роҳ намедиҳанд.
Ин сиёсати инсондӯтонаи Президенти кишвари мо аст, ки онҳоро на танҳо Ҳукумати кишварамон бахшид балки барои баргардонидани онҳо ба Ватан чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Мақсад аз ин сиёсат баргардонидани шаҳрвандони мазкур аз гумроҳӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва ояндаи дурахшон ба кӯдакони бегуноҳи онҳо мебошад.
Зиёмиддинов Б. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ