АЗ РОҲИ ХАРОБИОВАР БАРГАРДЕД

Чи даврае ба сари мардуми мехнатдўсту сариштакори мо омад буд. Фоҷиаи ҷанги гражданӣ то имрўз оқибати худро намудор карда, бегонагиву номуросгиро дар байни тоҷикону тоҷикистониҳо то ҳол нигоҳ доштааст. Ин фоҷиа мебошад. Маълум мегардад, ки то ҳол нафароне ҳастанд, ки ба баръало гумроҳ ва фиребхўрда ҳастанд. Зери таъсири қувваҳои бадхоҳи кишвар ба ҳаёти осуда ва ороми мардуми ҷумҳурӣ халалдор мегарданд. Ба фикри ман имрўз даврае мебошад, ки мо бояд бештар меҳнат намоем, хонаи худ, маҳалла, шаҳр ва умуман кишвари худро обод гардонем. Лекин нафарон мисли Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон чӣ мақсад доранд, чӣ ният доранд, ки ягон кори фаъолияти онҳо манфиатовар нест. Охир ба мо маълум аст, ки моҳи сентябри сли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии Наҳзати ислом ғайриқонунӣ эълон гардид. Роҳбарон ва ҷонибдорони раҳгумзадаи ин ҳизб роҳ сӯи хоҷагони хориҷиашон гирифтанд ва дар хориҷи кишвар мисли сагони дайду дар пайи ҷустуҷӯи устухон ҳастанд. Онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд худро бегуноҳ нишон диҳанд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии хеш фаъолият намуда, ҷонибдоронашонро ба гумроҳӣ мебаранд, бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.

Мардуми тоҷик бахшанда аст, зеро имони қавӣ ва дилу дидаи поку олуданашуда дорад. Мо худ кўчакем. Воқеаҳои охири моҳи апрели соли ҷори дар сарҳад собит намуд, ки то кадом дараҷа давру замон пур ҳассос мебошад.

Ман аз ҳамаи мардуми фиребхўрда ва дар ғарибӣ қарор гирифтаи худ даъват меорам, ки аз роҳи фиребу дасиса баргардад, тавба кунанд, биёянд то ин кишварро ҳамроҳ обод кунем. Бинед чи қадар кор бисёр. Давлату ҳукумати мамлакат мефаҳмад, мебахшад.

Имрўз ба ғайр аз худамон, мардуми кишварамон мо дўст рафиқ надорем. Ҳама аз ақиби манфиатҳои хурду бузурги худ ҳастанд. Тоҷикиистону мардуми вай барои қувваҳои беруна танҳо воситаи расидан ба манфиат баромад мекунанд.

Ман ба нафароне, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҳар гуна маълумотҳои подарҳаворо дар бораи Тоҷикистон, давлату давлатдорони мо паҳн мекунанд гуфтани ҳастам, ки ин кор оқибати хуб надорад, ин фоҷиа аст, аз роҳи худ баргардед, тавба кунед.

Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like