М. Кабириро мардуми Тоҷикистон ҳамчун хоин, ватанфурӯш ва беимон мешиносанд


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи чаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.

Дар охири қарни XX ва аввали XXI амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Яке аз чунин ташкилотҳои террористиву экстромистӣ ин ҲНИ мебошад, ки намояндагони онҳо ба хусус Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд. Тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернет ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вакте, ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба ҳалқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад.

Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имруз Муҳиддин Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрузҳо ин хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Ӯ инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд.

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва ӯро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИТ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Мардуми осоиштаи Тоҷикистон ҳама ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ТЭТ ҲНИ мебошанд. Гарчанде дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ин ҷараён мавҷуд буданд, аммо дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тундгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ҲНИ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like