ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ
Терроризм ва экстремизми динӣ падидаест, ки чи дар миқёси ҷаҳон ва чӣ дар миқёси Тоҷикистон боиси монеаи пешрафти ҷомеа мегардад. Фаъолияти ҳизбҳо ва ҳаракатҳои терраристӣ- экстремистӣ дар табиати худ шакл ва усулҳои нави таҳдидро пеш гирифта истодааст. Ҳадафи онҳо муҳити орому осоиштаи ҷомеаро ба бесарусомонӣ овардан аст, ки ин ҳолат мавриди паҳн намудани тарсу ҳарос ва таҳлука ба таври зӯроварӣ дар байни аҳолии оддӣ мегардад.
Терроризм ва экстремизми динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопок ва ноором сохтани қишри ноустувори ҷомеъа ҳама гуна воситаҳоро истифода мебаранд. Ба ин гурӯҳ асосан наврасон ва ҷавонон дохил мешаванд. Сабаби асосии ба ин гурӯҳ шомил гаштани наврасон ва ҷавонон аз он иборат мебошад, ки аз таърих ва маданияти баланди аҷдодии халқи тоҷик маълумоти нопурра доштани онҳо ҳамаҷониба истифода бурда мешавад. Мутассифона, айнан ҳамин наврасон аз ҳисоби холигии тарбиявию иттилоотӣ ба таъсири шадиди ақидаҳои диниву идеологӣ ва фишори баланди психологӣ танҳо боқӣ монда, аксар вақт қурбони террористон мегарданд. Ҷавононро бояд водор намуд, ки ба идеологияи экстремизм ва терроризм муқобилат кунанд. Ба онҳо аз имкониятҳои воситаҳои ахбори умум истифода бурда, моҳияти терроризм ва хатари иҷтимоии онро фаҳмонидан зарур аст.
Барои ташаккул додани ақидаҳои устувор дар зеҳни ҷавонон ба таври фаврӣ чораҳои мушаххас андешидан лозим аст. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем, ҷавононро дар мубориза ва муқовимат бар зидди терроризм ҷалб намоем ва таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои динии ғайриқонуниро аз фикрашон дур созем.
Гуфтан ҷоиз аст, ки зери таъсири ҳизбу ҳаракатҳои динии ғайриқонунӣ ва ифротгаро натанҳо ҷавонон, балки ҳама гуна ашхос ва ҳам намояндагони созмонҳо низ қарор гирифтанашон мумкин аст.
Бо гузаронидани корҳои муассири профилактикӣ, бо истифода аз шаклҳо ва усулҳои хоси онҳо барои ташаккули дастурҳои устувори ҳаёт барои насли нав саҳми воқеӣ гузоштан лозим аст. Таҷрибаи сиёсати ҷаҳонӣ бори дигар собит мекунад, ки пайгирона ва мақсаднок истифода бурдани усулҳои интерактивӣ лаҳзаҳои асосии банақшагирӣ ва ташкили пешгирӣ дар байни ҷавонон мебошанд. Кӯшиш бояд кард, то ки вуҷуди онҳо ба идеологияи «заҳри терроризм ва экстремизм» мубтало нашавад.
Шарти муваффақияти корҳои профилактикӣ ҷалби доираҳои ҳарчӣ васеътари ҷамъиятчигӣ кормандони вазоратҳои марбута ташкилотҳои сиёсӣ ва ҷамъиятие мебошад, ки дар минтақа фаъолият мекунанд, то терроризм ва экстремизмро пешгирӣ намоянд.
Сохторҳои масъул бояд сабабҳои пайдоиши зуҳуроти экстремистиро дар муҳити ҷавонон, самтҳо, усулҳо, шаклҳои корҳои пешгирикунандаи зидди онҳоро шарҳ диҳанд.
Терроризм ва экстремизм ба мушкилоти глобалии инсоният табдил ёфтааст. Бисёр давлатҳо бо зуҳуроти гуногуни террористӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар шароити муосир терроризм яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти ҳар давлат мебошад. Афзалияти стратегӣ дар Тоҷикистон пешгирии терроризм тавассути ташкили системаи муқовимат бо паҳншавии идеологияи экстремизм ва терроризм мебошад.
Хусусиятҳои психологии марбут ба синну сол ҷавононро дар муқобили таъсири беруна осебпазир мекунад. Дар системаи дастурҳои ҳаётан муҳим барои насли наврас чунин арзишҳои маъмулан мардона, аз қабили қувват, далерӣ, устуворӣ, ирода ва садоқат дар дӯстӣ зоҳир карда мешаванд. Азбаски ҷавононро холигии фарҳангӣ фаро гирифтааст, онҳоро террористон хеле осон метавонанд ба доми фиреби худ кашанд.
Ҷалб намудани ташкилотҳои террористӣ бо як хусусияти муҳими наврасон ва ҷавонон имконпазир мешавад: орзуи қаҳрамонӣ, саёҳат, бартараф кардани монеаҳои гуногун, таваҷҷӯҳ ба истифодаи силоҳ. Яъне онҳо террористонро бо ҳар роҳ романтизатсия мекунанд ва қаҳрамон месозанд ва дар симои “муборизони роҳи озодӣ ва истиқлолият”, “инқилобиён”, “озодкунандагон”, “муборизони муқовимат”, “сарбозони Аллоҳ”, “интиқомгирандагони мардум” нишон медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки имрӯз насли наврасро мо аз балои “терроризм ва экстремизм” нигоҳ доштанамон зарур меояд.
Танҳо бо роҳи созандагӣ ва дониши амиқ мо метавонем, бар зидди вабои асри XXI, яъне, “терроризм ва экстремиз” мубориза барем ва онро решакан созем.
Ҳомидов Ф. М. – омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ