МАРДУМ ДИГАР ФИРЕФТАИ НОҶАВОНМАРДОН НАМЕШАВАНД!

Зиндагонии осоишта намудан дар мамлакате, ки сулҳу субот ҳукмфармо аст, барои мо ин хушбахтии бепоён мебошад. Тоҷикистони азиз имрӯз баъд аз паси сар намудани рӯзҳои вазнини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ба ҷангӣ бародаркуш рӯ ба рӯ шуда буд имрӯз ба осоиштагӣ ва сулҳу субот расидааст. Мо бояд ин оромӣ, фазои осоиштаи Ватан, сулҳу субот ва пешравиҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Вале, то  имрӯз тоифае дар байни мардум  ҳастанд, ки ин дастоварди бузургро чашми дидан надоранд ва пайваста мехоҳанд фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизамонро бо ниятҳои ғаразноки хеш халалдор намуда, ба мардуми бегуноҳ зарари моддӣ ва маънавии хешро расонанд.

Марудми азияткашидаи тоҷик аз солҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ  барои худ сабақ гирифта, дигар фирефтаи суханони ноҷавонмардон намегарданд.

Ҳодисае, ки санаи 22.05.2022 дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, воқеъ дар шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи Боло муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ ба амал омадааст, сардори гурӯҳи ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич гунаҳкор мебошад. Ҷонибдорони ӯ, ки худ хоини Ватан ҳастанд ва фикри мардуми бегуноҳро намекунанд тарафдорӣ ин муноқишаҳо буда,  ӯро шаҳид эътироф намудаанд, ки ин ақида сад дар сад хато мебошад. Баръакс, Мамадбоқиров гунаҳкор ва хоини Ватан буда, ҳеҷ гоҳ шаҳид ва сазовори ҳурмат дониста намешавад ва мо мардуми шарафманди тоҷик ӯ ва ҳаммаслакони ӯро эътироф намекунем, чунки онҳо ватанфурӯш ҳастанд. Ба ҳамагон маълум, ки  Мамадбоқиров Мамадбоқир  бо хоинони Ватан ва аъзоёни ташкилоти террористӣ – экстромистӣ ва собиқ ҳизби наҳсати ислом ҳамкорӣ дошта, мақсади асосиашон ноором сохтани Тоҷикистон мебошад. Ин гуна хоинони Ватан худбин, каззоб, фатанфурӯш буда, на модару падари хеш, на оила, на фикри Ватану диёри худро доранд, агар заррае ҳам адлу инсоф, номус, ҷавонмардӣ медоштанд ба ин роҳ намерафтанд.

Чунин амалҳои ношоистаи ин гуна инсонҳои заиф, ки қобилияти фикрронии дуруст ва меҳру муҳаббат ба марзу буми хеш надоранд, моро аз роҳи худ берун нахоҳад кард ва мо ба онҳо ҳамарӯза наълат мехонем.

Барои боз ҳам ободу зебо намудан ва гул-гул шукуфон гардонидани ватани хеш саъю кӯшиш намуда, ба амалҳои ноҷавонмардона, хоинон ва суханҳои иғвогаронаи хоинони Ватан гӯш нахоҳем кард.

Мо дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама саҳаҳои хоҷагии халқ иҷтимоиёт, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайраҳо ба музаффариятҳои беназир расидем. Маҳз бо талошу пайваста ҷонисориҳои Сарвари давлат нисбати ободии Ватан некуаҳволии халқ моро ба Истиқлолияти давлатӣ ва осмони софу беғубор расонид.

 

Акмалова М.А. – декани факултети сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like