Рушди қонунгузорӣ заминаи муҳими ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ
Санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳисоботии худро ба мақомоти намояндагии олӣ, парламенти кишварамон Маҷлиси Олӣ ироа намуданд. Боиси зикр ва ёдоварист, ки дар паёми худ президентамон аз ҳар гуна самту раванди сиёсат, ҳуқуқ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра маълумотҳои оморӣ иқтибос оварданд, тамоми он муваффақиятҳоеро, ки мо дар натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ дар тули 30 соли истиқлолият ба даст овардем, суханронӣ намуданд ва таъкид ба ҳар сокини сарбаланди кишвар намуданд, ки мо бояд ба қадри чунин дастоврдҳо расида, зиракӣ ва ҳушрии сиёсиро аз даст надиҳем ё худ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терроистӣ шомил нашуда, кӯшиш ба харҷ диҳем то сулҳу суботро пойдор нигоҳ дорем.
Дар самти такмили қонунгузорӣ бошад, Пешвои миллат қайд намуданд, ки бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.
Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.
Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.
Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.
Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем.
Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд.
Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.
Боиси хушнудист, ки президенти кишварамон дар ин самт кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд бо қонунҳое, ки бо принсипи адолатнокӣ ва инсондустӣ қабул шудаанд ҳимоя карда шаванд.
Рауфзода А.Ҷ. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ