ТАРБИЯИ ДУРУСТ-ПИРИИ ХУШБАХТОНА
Оила раҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи аҳли башар мебошад. Дар оила шахс тарбия меёбад, меъёрҳои ахлоқиро азхуд мекунад ва ба ҳаёти мустақил омода гашта, ба камол мерасад.
Дар дини мубини ислом бунёди оила аз ақди никоҳ сар мешавад. Ақди никоҳ ихтиёрӣ буда, ба муҳаббату алоқаи байни марду зан асос ёфта, оила барпо мегардад. Никоҳ он ҳукмест, ки ду тан, ду ҷинси болиғро дар талқини ақл, тафаккур, ҳиссу муҳаббати том бо ризоияти тарафайн дар шаҳодати ашхоси солимақл бо ҳам ба ҳаёти якҷояи абадӣ мепайванданд. Ин амал дар диёри мо ҳамчунин дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ ба ҷо оварда мешавад. Яъне, оила дар шоҳидии давлат барпо мешавад. Ин рўз як умр дар хотираи ҷавонон мемонад. Ёру дўстон, хешу табор аз бунёди боз як оилаи нав хурсанд гашта, ба зану шавҳари ҷавон хушбахтӣ, саломатӣ, меҳрубонии бардавом, фарзанду давлати фаровон таманно мекунанд.
Фарзанде, ки бо меҳру муҳаббат дар чунин оила таваллуд мешавад, хурсандии беҳамтои ин оила ба шумор меравад. Вай риштаи меҳру муҳаббати зану шавҳарро мустаҳкам менамояд ва масъулияти онҳоро барои тарбияи фарзанд афзун мегардонад. Ғайр аз ин, оиларо мустаҳкам намуда, муҳаббати байни ҳамдигар ва эҳтироми падару модаронро пойдор мегардонад. Дар назди волидайн вазифаи асосию муҳим пайдо мешавад, ки ин тарбияи дурусти фарзанд аст. Ягон оила орзу намекунад, ки фарзандаш дар ҷамъият инсони бад, ҷинояткор, бемаданият, бесаводу бадном бошад. Орзуи ҳар волидайн дуруст ва боақлу поквиҷдон, инсонпарвар, меҳнатдўст, хоксор, ватандўст, боодобу фозил ба камол расидани фарзанд аст.
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар асари бузурги худ «Насиҳатул-мулук» фармудаанд: “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошад, ки агар оби он мусаффо бошад, поёни об низ мусаффо хоҳад буд». Дар ҳадиси Муҳаммад Расулуллоҳ чунин омадааст “Ҳар ҷинс ба ҷинси аслии худ накашида намемонад”. Модоме ки ин тавр аст, пеш аз ҳама, худи волидайн таълиму тарбияи дуруст дида бошанд. Маҳз оила аввалин ҷомеа ва мактаби фарзандон ба шумор меравад.
Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки баробари инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ чун «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бўстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ пурра ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтанд.
Оиди тарбия бисёр маълумотҳо, мақолаҳо, баромадҳо дар конфронсу симпозиумҳо, адабиёти махсус ва соҳавӣ аз ҷониби олимони ватанӣ Х.Раҳимов, О.Усмонов, М.Маҳмудов, Б.Исматов ва олимони хориҷӣ Матвеев Г.К., Ворожейкин Е.М., Рязансев В.А., Веберс Я.Р. ва дигарон ба нашр расидаанд. Мо ақидаҳои олимони ватаниву хориҷиро дастгирӣ намуда, ба чунин хулоса расидаем, ки равиши тарбияи фарзанд, алалхусус ҷавонону наврасон, бо тараққиёти замони муосир, айёми рушди босуръати техника ва технологияи нав пайваста идома меёбад. Тарбияи фарзанд дар замони муосир ба тараққиёти замона таъсир мерасонад. Аз як тараф, ин масъала хуб буда, пешрафти давлатамонро дар ҳамқадамӣ бо кишварҳои пешрафта нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ин ба анъанаҳои миллии халқамон таъсироти мусбат мерасонад.
Бо пешравии ҷомеа волидайн низ донишу малакаи замонавӣ гирифта, аз навовариҳои замона бохабар бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. То ин ки наврасону ҷавонони замони муосир ба ҳар гуна гурўҳҳои динӣ, террористӣ, экстремистию ҷиноятӣ ҳамроҳ нашаванд. Аз маълумотҳои се соли охири Суди вилояти Суғд бармеояд, ки қариб 50 % ҷавонону наврасон бинобар содир кардани ҳаргуна ҷиноятҳо аз падару модар, аз оилаҳои худ маҳрум гашта, дар маҳбасхонаҳо қарор доранд. Айни замон ин масъала дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст.
Мутаассифона, ин далелҳо ва мушоҳидаҳо боз онро нишон медиҳад, ки ҳастанд то ҳол баъзе оилаҳое, ки барои тарбияи фарзандонашон бетарафанд, беаҳамиятанд.
Педагоги машҳури рус А.С.Макаренко гуфта буд: “Фарзандони мо пирии мо ҳастанд, тарбияи дуруст-пирии хушбахтона, тарбияи нодуруст минбаъд азобу ранҷ, ашк, ин гуноҳи мо дар назди дигарон аст”.
Ҳар як хонаводаи тоҷик хусусият ва тарбияи махсуси худро дошта, ба тафаккур ва ташаккули фарзандаш таъсироти худашро мерасонад. Барои ин хуб мешуд, ҳар шахс тарбияи дурустро аз худаш сар кунад. Зеро, рафтори падару модар ё бобою бибӣ ба тарбияи фарзанд таъсири калон мерасонад. Дар замони муосир аксарияти ҷавонон ба интернет бисёр шавқ дошта, аз он ҷо хабару иттилоотҳои ба худашон маъқулро мегиранд. То ҳатто наврасон ҳам ба ҷои дарсу китобхонӣ ба бозиҳои телефонӣ банданд. Тарбияи ҷавонон ин вазифаи тамоми ҷомеа аст. Дар он танаффус кардан ё ба вақти дигар мондан нест.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан бо ибтикории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонону наврасон, инчунин нисбати оилаҳои камбизоат ва маъюбон бисёр ғамхорию дастгириҳо шуда истодааст. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф на танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳар як сокини Ватанамон кўшиш ба харҷ доданаш лозим аст. Ҳар оила нисбати тарбияи фарзандаш масъулияти баланд эҳсос намояд, онҳоро ба машғулиятҳои замонавӣ, аз қабили варзиш, мусиқӣ, китобхонӣ, меҳнатдустӣ равона намуда, ба инкишофи комили онҳо шароити мусоид фароҳам месозад. Дар байни толибилмону донишҷўён бахшҳое ҷорӣ намудан лозим, ки онҳо бо хоҳиши худашон ба он иштирок намоянд. Дар маҳалҳои истиқоматӣ нисбати либоспўшию маданияти гуфтор, рафтору кирдори ҷавонон бетарафу канораҷўӣ насозем. Соатҳои тарбиявӣ мавзуъҳои ҳалталаби замонавиро дар бар гиранд. Оид ба масъалаҳои ташвишовари замона ва зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандӣ, майнўшӣ, террористӣ, ифротгароӣ, одамрабоӣ, хиёнат ба Ватан, ба ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ ва гурўҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нашудани ҷавонон чораҳо андешем. Ин қарзи волидон дар назди давлату чамъият аст.
Қурбонназаров Б.-ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати
прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ