ДАР ҶАҲОНИ ПУРТАЗОД МАФҲУМИ ТЕРОРИЗМРО АЗ МАФКУРАИ МАРДУМ БОЯД ДУР КАРД

Терроризм ва ифротгароӣ аз рӯзҳои ба вуҷуд омаданаш то ба ин рӯз ҳамеша бар муқобили оромии ҷомеа ва пешравии он буд. Ин зуҳурот ҳамеша бар он мусоидат мекард, ки ҷомеа ноором бошад ва мардум худро ҳамеша дар ноамнӣ эҳсос намоянд. Дар ин баробар, аз лаҳзаҳои аввал неруҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҳамеша ба муқобили ин зуҳурот мубориза мебурданд, то мардум осудаву ором зиндагӣ намоянд.

Имрӯз мутассифона, ин зуҳурот ба як муаммои асосии башарият табдил ёфта, ҳамчун вабои аср аст.

Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистони мо тамому неруву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст.

Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо  – терроризм, коррупсия, масоили экологӣ, қашоққӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо дохил мешуданд. Лекин имрӯз бошад, таҳдидҳои навини ба мақсади ифротгароиии динӣ низ хеле хавфнок мебошанд. 

Яке аз гурўҳҳои ифродгарон ин шахсоне, ки аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананду аммо дар ботин дигар ният доранд, ки ин ҳам аз байн бурдани ҳамдилию ваҳдати миллат аст. Имрӯзҳо он дар тамоми Осиё Миёна ва дигар манотиқи дунё яке аз муаммоҳои асосиест, ки ба сохтори сиёсии кишварҳо халал расонида метавонад. Худ шоҳиди он ҳастем, ки дар аксар давлатхои исломӣ чӣ ҳодиса рух дода истодааст.

Ҷавонмард ҳамон нафаре аст, ки барои халқу миллати хеш ҳамеша дар хидмат мебошад ва бо рафтору кирдори шоистаи худ ҳамаро тасхир мекунад. Фикру андешаи ӯ танҳо хидмат кардан ба ватан, ба халқ равона гардидааст. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонии мо бо баъзе афродеро дучор мегардем, ки ҷавонмардиро як сӯй гузошта, танҳо бо корҳои ношоиста ва манфур машғуланд. Инҳо аксар аъзоёни ТЭТ ҲНИ буда, бо мақсади ғаразноки худ, боз бо роҳҳои гуногун барои минбарҳои гӯё  «сатҳи байналмилалӣ» талош варзида, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд сохтанианд. Аммо, ҳамаи ин даъвоҳои наҳзатиҳо пуч, аз санаду далелҳо буда, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.

Воқеан, сиёсати созанда ва мардумсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии онҳо падидаи бесобиқа дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мо аҳли зиё, омӯзгорону устодон аз хотир асло намебарорем, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо ин, ҳамеша муҳассилинро аз оинҳои ҷавонмардӣ огоҳ намудан ва истифода аз ҳикматҳои бузургон онҳоро ҳушдор диҳем, ки бо роҳи рост раванд, худро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил насозанд, бо корҳои нек ва зарурӣ машғул бошанд, аз гурӯҳҳои муташаккил дурӣ ҷӯянд. Моро зарур аст, ки барои бурдани ин хатарҳо кӯшиш намоем ва фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем ва баҳри беҳбудии Тоҷикистони азизамон таҳсил ва фаъолият барем.

 

Қосимова М.И. – муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

 

 

You might also like